Таъсиси Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ дар Душанбе. Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар Фаронса аз чӣ суҳбат кард?

Дирӯз, 8-уми июн, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар чорабинии Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (2025-2034) ширкат ва суханронӣ карда, як қатор пешниҳодҳоро низ ба миён гузоштааст. Раисҷумҳури Тоҷикистон аз вазъи ташвишовари тағйирёбии иқлим, таъсири он ба муҳити зист, обшавии бесобиқаи пиряхҳо ва норасоии оби тоза сухан карда, аз паёмадҳои […]

Asia-Plus

Дирӯз, 8-уми июн, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар чорабинии Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (2025-2034) ширкат ва суханронӣ карда, як қатор пешниҳодҳоро низ ба миён гузоштааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз вазъи ташвишовари тағйирёбии иқлим, таъсири он ба муҳити зист, обшавии бесобиқаи пиряхҳо ва норасоии оби тоза сухан карда, аз паёмадҳои харобиовари обшавии пиряхҳо ва таъсиру зарари он ба иқтисодиёт, экосистемаҳои кишварҳо ва ҳаёти одамон ёдовар шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки қариб 60 дарсади пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар кӯҳҳои Тоҷикистон воқеъ аст.

Ба гуфтаи ӯ, тӯли 20 соли ташаббускориҳои Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим 14 қатъномаи Тоҷикистон дар ин самт аз ҷониби Созмони миллаи муттаҳид ҷонибдорӣ шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз коҳишёбии пиряхҳо нигаронӣ карда, таҳдиди онро ба мардуми сайёра таъкид намудааст. Ба гуфтаи ӯ, ин раванд то соли 2050 метавонад ба як миллиард аҳолии минтақаҳои наздисоҳилӣ ва ҷазиракишварҳо таъсир расонад.

Инчунин раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, тасмим гирифтаанд, ки бо мақсади омӯзиши таъсири тағйирёбии иқлим дар Душанбе Маркази ҳамоҳангсозии минтақавии яхшиносӣ таъсис дода шавад.

 

Ӯ зимни суханронии худ ҳамчунин пиромуни таваҷҷуҳ ва натиҷаҳои ҳамоиши “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз 29 то 31-уми майи соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор гардид, қаноатмандӣ изҳор кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар поёни суханронии худ аз ҷомеаи ҷаҳон даъват намуд, ки ҳамкориро баҳри ҳифзи криосфера ва тақвияти илмҳои криосферӣ дар ҳама сатҳҳо густариш диҳанд.

Бояд гуфт, чорабинии Даҳсолаи байналмилалии амал барои илмҳои яхшиносӣ дар доираи Конфронси сеюми СММ оид ба уқёнус баргузор шудааст. Дар он роҳбарони 65 кишвари ҷаҳон, Антониу Гутерриш, Дабири кулли СММ ва роҳбарони як қатор созмонҳои байналмилалию минтақавӣ иштирок кардаанд.

Ёдрас мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дирӯз, 8-уми июн барои иштирок дар ин конфронс ба Фаронса сафар кард. Бояд гуфт, Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 аз ҷониби СММ бо пешниҳоди якҷояи Тоҷикистон ва Фаронса қабул шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.