Дар Тоҷикистон беш аз 191 тонна маҳсулоти бесифат ошкор шудааст

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар чор моҳи охир Оҷонсии “Тоҷикстандарт” беш аз 191 тонна маҳсулоти бесифатро дар дӯконҳо ва бозорҳои Тоҷикистон ошкор кардаанд. Ин маҳсулот гӯшт, равған, ширинӣ, нӯшокиҳои спиртӣ ва ташнашикан, намак ва ғайра мебошад.

Дар ин бора аз Оҷонсии “Тоҷикстандарт” ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Мақомот мегӯянд, ки дар 4 моҳи соли 2025 ба миқдори 191,7 тонна маҳсулоти гуногуни пастсифат ошкор шудаанд.

Маҳсулоти гӯштӣ -11 тонна, равғани растанӣ -1,3 тонна, нӯшокиҳои спиртӣ – 725 литр, нӯшокиҳои ғайриспиртӣ – 1122 литр, маҳсулоти қаннодӣ – 267 кг, намак – 30 895 кг ва дигар маҳсулот дар озмоишгоҳҳои ин ниҳод ташхис ва ғайристандартӣ ҳисобида шудаанд.

“Қисми зиёди ин маҳсулот воридотӣ ба ҳисоб меравад, ки ғайристандартӣ дониста шуданд. Мутобиқи тартиби муқарраргардида, нисбат ба воридкунандагони ин маҳсулот чораҳои маъмурӣ андешида шуданд”,-гуфтанд дар ин ниҳод.

Назари худи соҳибкорон вобаста ба ин ҳолат маълум нест. Ҳамчунин гуфта намешавад, ки онҳо чӣ ҷазо гирифтаанд.

Дар ниҳоди манкур ҳам шарҳ надоданд, ки ин маҳсулоти пастсифат чӣ гуна ба кишвар ворид шуда, барои ин кӣ ва чӣ ҷазо гирифтаанд.

Худи соҳибкорон беш аз 84 ҳазору 377 кг маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ, ки мӯҳлати истифодаашон гузаштааст, ба оҷонсӣ супоридаанд.

Ёдрас мешавем, ки соли гузашта дар Тоҷикистон 1 миллиону 11 ҳазору 801 кг  маҳсулоти гуногуни хӯроквории бесифат ошкор шудааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта наздики 500 тонна кам аст. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...