Дар Тоҷикистон дуюмин синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” баргузор мешавад

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар Душанбе аз 15 то 20-уми октябри соли равон дуюмин синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” баргузор мегардид. Дар ин бора аз “Тоҷикфилм” ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, дуюмин синамоҷашнвораи “Тоҷи Сомон” таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон” баргузор мегардад.

“Мақсади асосии синамоҷашнвора таҳкими мавқеи синамои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, табодули таҷриба миёни синамогарони ватанӣ ва хориҷӣ, дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар соҳаи синамо ва тақвияти ҷойгоҳи фарҳангии Тоҷикистон дар дар арсаи байналмилалӣ мебошад”, – гуфтанд аз “Тоҷикфилм”.

Ба ин ҷашнвора беш аз 100 меҳмон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Осиё ва Аврупо даъват мешаванд.

Дар доираи синамоҷашнвораи мазкур баргузории рӯзҳои кинои кишварҳои Эрон, Русия, Ҳиндустон, Қирғизистон ва Туркманистон пешбинӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки якумин синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” соли 2023 баргузор шуда буд. Дар он намояндагон аз кишварҳои Русия, Ӯзбекистон, Молдова, Озарбойҷон, Чин, Фаронса, Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон ва дигар давлатҳо иштирок доштанд.

Дар доираи он ҷашнвора, барномаҳои гуногун, аз ҷумла нишастҳои матбуотӣ, рӯзҳои кинои Русия ва Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, форуми байналмилалӣ бахшида ба 120-солагии коргардон, ҳунарпеша ва асосгузори синамои тоҷик Комил Ёрматов таҳти унвони “Эҳёи синамо” бо иштироки синамогарон, киношиносон ва мутахассисони соҳа баргузор гардиданд.

Шоҳҷоизаи синамоҷашнвора барои беҳтарин филми ҳунарӣ ба филми “Роҳ”-и коргардони тоҷик Носир Саид супорида шуд.

Аввалин синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” чӣ гуна ҷамъбаст гардид, дар ин матлаби мо мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...