Ду дастаи Тоҷикистон барои иштирок дар Лигаи дуюми қаҳрамонҳо иҷозатнома гирифтанд

Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) рӯйхати кишварҳоеро нашр кард, ки дастаҳояшон барои ширкат дар мусобиқоти минтақавии мавсими солҳои 2025-26 байни дастаҳо ҳуқуқ доранд. Дар ин бора Лигаи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад. Байни дастаҳо ду намояндаи Тоҷикистон – қаҳрамони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2024 «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода низ ҳузур доранд. Гуфта мешавад, агар дастаи шаҳри Душанбе […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) рӯйхати кишварҳоеро нашр кард, ки дастаҳояшон барои ширкат дар мусобиқоти минтақавии мавсими солҳои 2025-26 байни дастаҳо ҳуқуқ доранд. Дар ин бора Лигаи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Байни дастаҳо ду намояндаи Тоҷикистон – қаҳрамони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2024 «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода низ ҳузур доранд.

Гуфта мешавад, агар дастаи шаҳри Душанбе ҳунарнамоиро аз марҳилаи гурӯҳии мусобиқот оғоз кунад, пас бошгоҳи шаҳри Турсунзода барои роҳ ёфтан ба марҳилаи гурӯҳӣ бояд бозии плей-офф анҷом диҳад.

Тими “Истиқлол”-и пойтахт мустақиман ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои КФО (AFC Champions League 2) роҳхат гирифт.

“Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода – дорандаи Ҷоми Тоҷикистон-2024 рақобати худро аз бозии плей-офф барои роҳ ёфтад ба ҷадвали асосии мусобиқа бо дастаи “Аҳал”-и Туркманистон оғоз мекунад. Ин вохӯрӣ нимаи моҳи август дар варзишгоҳи “Регар-ТадАЗ” дар шаҳри Турсунзода баргузор мешавад.

Ғолиби ин ҷуфт мустақиман ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои КФО роҳ ёфта, тими мағлуб дар навбати худ, рақобатро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО – дивизиони сеюми мсуобиқоти сатҳи сеюми қора идома медиҳад.

“Тими “Аҳал” дастаи соҳибтаҷриба аст. Мо ба ин вохӯрӣ ҷиддӣ омода мешавем. Ин бозӣ имконест барои мо барои нишон додани маҳорату малакаи худ дар қораи Осиё”, – иброз доштааст яке аз намояндагони “Регар-ТадАЗ”.

Дар робита ба дастаи “Аҳал”-и Туркманистон гуфтан мумкин аст, ки ин даста тайи солҳои ахир доимо дар мусобиқоти Осиё иштирок карда, бори аввал дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО низ бозӣ кардааст.

Натиҷаи мусбат дар бозӣ бо “Аҳал” ба “Регар-ТадАЗ” имкон медиҳад, ки дар даври гурӯҳӣ иштирок карда, барои радабандии умумии кишвар байни дастаҳо имтиёзҳои муҳим ба даст орад.

Низоми нави мусобиқоти Осиё, ки аз мавсими солҳои 2024/25 мавриди амал қарор гирифт, мусобиқа байни дастаҳоро ба се сатҳ тақсим мекунад: Лигаи баргузидаи қаҳрамонҳо, Лигаи дуюми қаҳрамонҳо ва Лигаи даъвати КФО.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.