ВКД ҳалокати 3 ноболиғ дар пайи сӯхтор дар Ваҳдатро шарҳ дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳалокати 3 ноболиғ, ки ҳама узви як хонавода буданд, дар пайи як сӯхтор дар Ваҳдатро шарҳ дод. Ин ниҳод гуфт, ҳодиса нимашабии 7 ва 8-уми июн рух дода, сабаби сӯхтор “беназорат гузоштани шамъ” аст. ВКД гуфт, ки ҳодиса дар деҳаи Ҷангалободи шаҳри Ваҳдат дар манзили Карим Холмуродов рух додааст. “Оташсӯзӣ масоҳати […]

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳалокати 3 ноболиғ, ки ҳама узви як хонавода буданд, дар пайи як сӯхтор дар Ваҳдатро шарҳ дод. Ин ниҳод гуфт, ҳодиса нимашабии 7 ва 8-уми июн рух дода, сабаби сӯхтор “беназорат гузоштани шамъ” аст.

ВКД гуфт, ки ҳодиса дар деҳаи Ҷангалободи шаҳри Ваҳдат дар манзили Карим Холмуродов рух додааст.

“Оташсӯзӣ масоҳати 35 метри мураббаъро фаро гирифта, дар натиҷа, аз дуди ғализ 3 фарзанди ноболиғи шахрванд Холмуродов К.А. ҷони худро аз даст доданд”,-гуфта мешавад дар хабарномаи ин ниҳод.

Маълум нест, ки ин сӯхтор чӣ қадар хисороти молӣ дар пай доштааст.

Мақомот мегӯянд, ки ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Ҳамасола дар кишвар садҳо ҳодисаи нохӯши сухтор рух медиҳад, ки дар натиҷаи он чанд нафар ба ҳалокат расида, молу ашёи зиёди мардум ба коми оташ меравад. Мақомот аксаран сабаби сӯхторро расиши сим ё аз беэҳтиётии худи сокинон унвон мекунанд.

Тибқи иттилои расмӣ давоми соли 2024-ум дар Тоҷикистон 1 ҳазору 175 сӯхтор сар зад,  ки дар натиҷаи онҳо 17 нафар, аз ҷумла, 11 ноболиғ ҷони худро аз даст додаанд. Соли 2023-юм бошад 1 ҳазору 269 сӯхтор рух дода, дар онҳо 23 нафар ба ҳалокат расида буданд.

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ки сӯхторҳои соли гузашта 43 милиону 822 ҳазор сомонӣ зарар дар пай доштаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.