Амрико бархе кормандони худро аз сафорат ва пойгоҳҳои низомияш дар кишварҳои Ховари Миёна берун мекунад

Asia-Plus, бо истифода аз маводи расонаҳо

Амрико гуфтааст, ки ба далели нигарониҳои амниятӣ бархе аз кормандон ва хонаводаҳои онҳоро аз сафорати худ дар Ироқ ва пойгоҳҳои низомӣ дар Кувайт ва Баҳрайн хориҷ мекунад.

Бино ба гузоришҳое, ки, ба мақомоти амрикоӣ расидааст, Исроил омодаи амалиёте зидди Эрон аст. Дар ҳамин ҳол, нигарониҳо вуҷуд доранд, ки Теҳрон мумкин аст ба таъсисоти Амрико дар минтақа ҳамла кунад.

Шоми рӯзи 11-уми июн, як сухангӯи сафорати Амрико дар Бағдод дар суҳбат бо BBC коҳиши шумори кормандон дар ин шаҳрро таъйид кардааст.

“Раиси ҷумҳур Трамп ба ҳифзи амнияти амрикоиҳо дар дохил дар хориҷ аз Амрико уҳдадор аст. Дар ростои ин тааҳҳуд, мо пайваста вазъи нерӯи инсониро дар ҳама сафоратхонаҳоямон арзёбӣ мекунем ва бар асоси арзёбиҳои ахири худ, тасмим гирифтаем, ки ҳузури кормандонамон дар Ироқро коҳиш диҳем”, –  гуфтааст ӯ.

Қаблан, хабаргузории “Reuters” ҳам навишта буд, ки “Амрико ба далели афзоиши хатарҳои амниятӣ дар минтақа барои тахлияи сафорати худ дар Ироқ омодагӣ мегирад”. Аммо ин манобеъ мушаххас нагуфтаанд, ки кадом хатарҳои амниятӣ боиси ин тасмим шудааст.

Як мақоми вазорати хориҷаи Ироқ ҳам гуфтааст, ки “қисман тахлия”-и кормандони сафорати Амрико таъйид шудааст ва далели онро “нигарониҳо амниятии марбут ба танишҳои эҳтимолии минтақа” хондааст.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории “Reuters” ба нақл аз як мақоми омрикоӣ гуфтааст, ки қарор аст Стив Уиткофф, фиристодаи вижаи Доналд Трамп дар умури Ховари Миёна рӯзи 15-уми июн дар Умон бо Аббос Ароқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон дидор ва дар бораи посухи Теҳрон ба пешниҳоди ахири Вошингтон барои дастёбӣ ба тавофуқи ҳастаӣ гуфтугӯ кунад.

Эрон қаблан эълом карда буд, ки ба зудӣ ба Амрико барои созиши ҳастаӣ пешниҳоди мутақобил ироа хоҳад кард. Теҳрон пешниҳоди феълии Амрикоро "ғайриқобили қабул" донистааст.

Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар мусоҳибае гуфтааст, итминонаш ба мувофиқати Эрон барои қатъи ғанисозии ураниум коҳиш ёфтааст.

Ӯ дар посух ба ин суол, ки адами тавофуқ бо Эрон чӣ паёмадҳое хоҳад дошт, бори дигар таъкид кардааст, ки ба Эрон иҷоза намедиҳад, ки бомби ҳастаӣ дошта бошад ва ҳушдор додааст, ки расидан ба ин натиҷа, бидуни ҷанг беҳтар хоҳад буд.

Доналд Трамп борҳо таҳдид кардааст, ки дар сурати ҳосил нашудани тавофуқи нави ҳастаӣ бо Эрон, ҳамлаи низомӣ ногузир хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 11-уми июн Азиз Насирзода, вазири дифоъи Эрон ҳушдор додааст, ки агар музокироти ҳастаӣ ноком шавад ва ҷанге ба Эрон "таҳмил шавад", "талафоти ҷониби муқобил бештар хоҳад буд".

“Агар даргирӣ таҳмил шавад, талафоти тарафи муқобил аз мо бештар хоҳад буд. Ҳама пойгоҳҳои Амрико дар дастраси мо ҳастанд ва бидуни мулоҳиза ин пойгоҳҳоро дар кишварҳои мизбон ҳадаф қарор хоҳем дод", -гуфтааст вай.

Ӯ илова кардааст, ки Теҳрон ахиран як мушаки дорои кулоҳаки дутоннаро озмоиш кардааст ва ҳеҷ маҳдудият дар ин заминаро намепазирад.

Дар пасманзари афзоиши танишҳо миёни Теҳрон ва Вошингтон, Умон, ки нақши миёнҷиро мебозад, имрӯз, 12-уми июн таъйид кард, ки даври шашуми музокироти Эрону Амрикоро мизбонӣ хоҳад кард.

Бадр Бусаидӣ, вазири умури хориҷаи Умон дар саҳифаи "X" навишт, "хушҳолам, ки метавонам таъйид кунам, ки даври шашуми музокироти Эрону Амрико рӯзи якшанбеи 15-уми июн дар Масқат баргузор мешавад".

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ менависад, ки дар пайи афзоиши танишҳо дар Ховари Миёна, қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ афзоиш ёфтааст.

Ихтисори шумори кормандони сафорати Амрико дар Ховари Миёна ва боло гирифтани танишҳо дар минтақа дар ҳолест, ки Шӯрои мудирони Оҷонси байналмилалии энерҷии атомӣ имрӯз, 12-уми июн бо баргузории нишасте бар зидди барномаи ҳастаии Эрон қатънома содир кард.

Дар қатънома аз Эрон даъват шудаст, ки “уҳдадориҳояш дар чаҳорчӯби Паймони манъи густариши силоҳи ҳастаӣ (NPT)-ро ба таври фаврӣ риоя кунад”.

Вазорати корҳои хориҷӣ ва Созмони энерҷии атомии Эрон дар вокуниш ба Шӯрои мудирони Оҷонсии байналмилалии энерҷии атомӣ онро “қатъномаи сиёсӣ” хонда ва маҳкум кардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...