Ҷаримаи як шаҳрванди Русия барои “сафедкунӣ”-и ҳамла ба “Крокус Сити Ҳол”

Додгоҳе дар Санкт-Петербург як шаҳрванди Русияро барои нашри хабарҳое, ки ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл”-ро сафед мекард, 600 ҳазор рубл ҷарима кардааст. Дар ин бора хабаргузории ТАСС дар такя ба Дафтари матбуоти додгоҳҳои Санкт-Петербург хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, Додгоҳи якуми ҳавзаи ғарбии Санкт-Петербург нисбати Николай Конашенко, муаллифи хабарҳое, ки ҳамлаи террористӣ дар “Крокус […]

Додгоҳе дар Санкт-Петербург як шаҳрванди Русияро барои нашри хабарҳое, ки ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл”-ро сафед мекард, 600 ҳазор рубл ҷарима кардааст.

Дар ин бора хабаргузории ТАСС дар такя ба Дафтари матбуоти додгоҳҳои Санкт-Петербург хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, Додгоҳи якуми ҳавзаи ғарбии Санкт-Петербург нисбати Николай Конашенко, муаллифи хабарҳое, ки ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл” дар вилояти Маскавро сафед мекардааст, 600 ҳазор рубл ҷарима ва барои ду сол аз идораи сомонаҳо маҳрум кардааст.

Мурофиаи додгоҳӣ бо дархости вакил пушти дарҳои баста баргузор шудааст.

“Нисбати ӯ мутобиқи моддаи 205.2, қисми 2 (сафедкунии оммавии терроризм) – и Кодекси ҷиноии Русия парванда боз шуда, додгоҳ нисбати ӯ то 25-уми май ҳасбро пешбинӣ карда буд”,-навиштааст манбаъ.

Тибқи иттилои расмӣ, номбурда 25-уми марти соли 2024 ҳангоме, ки мехостааст Русияро тарк кунад дар фурудгоҳи Пулково боздошт шудааст.

Манбаъ навиштааст, ки дар наворе, ки Сарраёсати ВКД-и Санкт-Петербург нашр кардааст боздоштшуда иқрор шудааст, ки дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ҳамлаи террористӣ дар “Крокус сти Холл”-ро сафед кардааст.

Ин бори аввал нест, ки як нафарро барои сафедкунии ҳамла ба “Крокус” ҷазо медиҳанд.

Моҳи марти соли гузашта дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия Баҳодур Зуҳурови 26-солаи шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони “сафедкунии терроризм” боздошт карданд. Тибқи фарзияи мақомоти тафтишот, ӯ дар як замимаи гуфтугӯии шабакаи Телеграм навори ҳамла ба “Крокус”-ро нашр кардааст, ки дар он аломатҳои сафедкунии терроризм дида мешаванд. Нисбати ӯ чӣ ҷазо таъин шуд, ҳоло маълум нест.

Ҳамла ба толори консертии “Крокус сити ҳолл” дар вилояти Маскав рӯзи 22-юми марти соли 2024 рух дод ва дар ҷараёни ин ҳамла, ба иттилои расмӣ, 146 тан кушта ва 551 каси дигар захмӣ шуданд.

Тибқи иттилои Кумитаи тафтишоти Русия дар пайи амалиёти мақомоти Русия дар умум дар доираи ин парванда 19 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Миёни боздоштшудҳо чанд шаҳрванди Тоҷикистон ҳам ҳастанд.

Ҳамчунин, хисороти ҳамлаи террористӣ ба Крокус 6 миллиард рубл ҳисоб шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.