Анисаи 7-сола баъди як рӯзи бедаракшавӣ пайдо шуд. Ӯ дар куҷо буд ва чӣ гуна пайдо гардид?

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Мақомот Аниса Ашурова, духтари 7-солаи сокини шаҳри Душанберо, ки рӯзи 10-уми июн аз хона баромада гум шуда буд, пайдо кардаанд. Аз Раёсати корҳои дохилӣ дар пойтахт гуфтанд, бо мусоидати шаҳрвандон ин ноболиғ пайдо ва ба волидайнаш супорида шудааст. Тӯли як рӯз ин кӯдак дар куҷо буд ва чӣ гуна ӯро пайдо карданд? "Азия-Плюс" бо волидайни кӯдак ва мақомот суҳбат кард.

Ба гуфтаи РВКД дар Душанбе, духтарча барои бозӣ ба кӯча баромада, роҳи хонаро гум кардааст.

Умар Ашӯров, падари Аниса дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки духтарашро баъди як рӯзи ҷустуҷӯ, баъди зуҳри 11-уми июн пайдо кардаанд.

“Духтарам бозикунон ба як маҳаллае дар ноҳияи Шоҳмансур рафтааст ва роҳи хонаро гум кардааст. Як зан Анисаро дар кӯча дида, аз ӯ суроғаи хонаро пурсидааст. Вале духтарам суроғаро гуфта натавонистааст. Зан ҳам ӯро ба хонааш бурда, ба умеди пайдо шудани волидайнаш ӯро нигоҳубин кардааст”,-нақл кард падари Аниса.

Номбурда гуфт, ки аз рӯйи дурбинҳои назоратӣ ва маълумоти сокинон хонаи ин занро пайдо карда, Анисаро баргардониданд.

Ба гуфтаи ин мард, зан ба умеди он ки худи волидайни ноболиғ ӯро ҷустуҷӯ карда, пайдо мекунанд, ба мақомот дар бораи кӯдак хабар надодааст.

Бояд гуфт, дар беш аз ду моҳи охир ин 14-умин духтарест, ки пулиси Душанбе аз гум шаданаш хабар медиҳад. Ин ниҳод қаблан аз ёфт шудани дасти кам 8 духтар, ки бархеашон ноболиғ ҳастанд, хабар дода буд.

Ба хабарҳои бедарак шудани духтарон, аз ҷумла ноболиғон ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар таваҷҷуҳ кард. Бархе бар ин гумон буданд, ки шояд онҳо рабуда шудаанд ва ё худ бо сабабҳои дигаре аз хона фирор карда бошанд.

Мақомот аз куҷо пайдо кардани духтарон ва сабабу омилҳои бедаракшавии онҳоро, шарҳ намедиҳанд.

Дар Раёсати корҳои дохилӣ дар пойтахт қаблан дар шарҳи ин масъала кӯтоҳ ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки “дар бештари ҳолатҳо дар пайи нофаҳмиҳои хонаводагӣ духтарон аз хона баромада, бедарак мешаванд”. Ҳамзамон дар Вазорати корҳои дохилӣ таъкид карданд, ки “ин одамрабоӣ ё гаравгонгирӣ нест”.

Равоншиносон мегӯянд, ки наврасон бо сабабҳои гуногун аз хона фирор мекунанд, аз ҷумла аз рӯйи эҳсос ё вобаста ба масоили иҷтимоӣ. Онҳо таъкид мекунад, ки масоили равонӣ, аз ҷумла ҳолати изтироб, эҳсоси танҳоӣ, бовар надоштан ба худ ҳам сабаби фирор метавонад шавад.

Чаро духтарҳои ноболиғ дар Тоҷикистон зиёд гум мешаванд? дар матлаби мо мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...