Намоиши ҷашнӣ, конфронси байналмилалӣ, “Шоми шашмақом”. Ҳамоиши 700-солагии Ҳофиз дар ЮНЕСКО чӣ гуна мегузарад?

Рӯзи 11-уми июн дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Пориси Фаронса ба муносибати 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ намоиши ҷашнӣ, Конфронси илмии байналмилалӣ таҳти унвони “700 сол бо Ҳофиз” ва барномаи фарҳангӣ таҳти унвони “Шоми шашмақом” баргузор гардид. Вазорати фарҳанг мегӯяд, ки дар намоиш аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ ва Маркази мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон нусхаҳои дастнавис […]

Asia-Plus

Рӯзи 11-уми июн дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Пориси Фаронса ба муносибати 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ намоиши ҷашнӣ, Конфронси илмии байналмилалӣ таҳти унвони “700 сол бо Ҳофиз” ва барномаи фарҳангӣ таҳти унвони “Шоми шашмақом” баргузор гардид.

Вазорати фарҳанг мегӯяд, ки дар намоиш аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ ва Маркази мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон нусхаҳои дастнавис ва китобҳои чопи сангии "Девон"-и Ҳофизи Шерозӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

Ҳамчунин, намунаҳои ҳунари хушнависӣ ва асарҳои санъати миниётурнигории Олимҷон Комилзода, рассом-миниётурнигори тоҷик ба маърази тамошо гузошта шудааст.

Гуфта мешавад, намунаҳои гуногуни ҳунарҳои қадимаи миллӣ, чун сӯзаниҳо, атласу адрас, мисгарӣ, кандакории рӯйи чӯб, кунда ва дигар мероси фарҳангӣ ҷузъе аз намоишгоҳи мазкур аст.

Дар конфронси илмии байналмилалии “700 сол бо Ҳофиз” Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Тоҷикистон, чанде аз олимону пажуҳишгарони тоҷик дар бораи нақши Ҳофиз дар адабиёти ҷаҳон суханронӣ карданд.

Дар барномаи фарҳангии “Шоми шашмақом” ансамбли давлатии  “Шашмақом”-и ба номи Фазлиддин Шаҳобов таҳти роҳбарии Фурқат Саидзода, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ансамбли рақсии “Гулрез”, инчуқнин чанде аз ҳунарманджони дигар иштирок кардаанд.

Дар барномаи фарҳангии “Шоми шашмақом” Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанг ва Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ширкат кардаанд. 

Вазири корҳои хориҷии кишвар дар баромади худ гуфтааст, ки “баргузории чунин чорабиниҳо дар сатҳи байналмилалӣ на танҳо василаи муаррифии ҳунари миллист, балки саҳми арзандае дар таҳкими муколамаи байнифарҳангӣ мебошад”.

Ҷашнвораи байналмилалии “700 сол бо Ҳофиз”, ки дирӯз дар Фаронса оғоз шуд, то 14-уми июн давом мекунад, доир шудааст. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.