“Ҳофизхонӣ” дар “Азия-Плюс” ба муносибати 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ

Asia-Plus

Имрӯзҳо дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Порис таҷлили 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ, шоири маҳбуби тоҷику форс таҳти унвони “700 сол бо Ҳофиз” идома дорад. Он бо ташаббуси Тоҷикистон баргузор гардида, дар доираи он аллакай, намоиши ҷашнӣ, конфронси байналмилалӣ ва барномаи фарҳангӣ бо ширкати аҳли ҳунару фарҳанг ва адаби Тоҷикистон гузашт.

Кормандони “Азия-Плюс” низ ба ин муносибат дар идора базми шеър ороста, аз Ҳофиз “фолкушоӣ” карданд.

Ҳофизро “Лисон-ул-ғайб” – донандаи асрори ғайб мегӯянд, чун шеъри ӯ хусусияти аҷиб дорад. Дар дилхоҳ маврид ба дарди хонанда мехӯраду таскини дил мегардад: гӯё Ҳофиз ҳамин лаҳза ин байтро барои ӯ гуфта бошад.

Шарти ҳофизхонии мо низ ҳамин буд: қироати байте, ки алҳол ифодагари рӯҳияи мо бошад. 

https://www.youtube.com/watch?v=hd2e1vml_4A?feature=share

Ҳофизи Шерозӣ аз бузургтарин шоирони форсигӯй буда, эҷодиёташ дар адабиёти ҷаҳонӣ арзиши баланд дорад.

Ҷашнвораи байналмилалии “700 сол бо Ҳофиз”, ки рӯзи 11-уми июн дар ЮНЕСКО оғоз шуд, то 14-уми июн давом мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...