Аз машқҳои пинҳонӣ то қаҳрамонӣ. Чӣ гуна Мадина нахустин медали “Grand Slam”-ро миёни занон соҳиб шуд?

Мадина Қурбонзода, нахустин духтари тоҷик аст, ки дар мусобиқоти “Тоскулоҳи бузург” ё “Grand Slam” соҳиби медал шуд. Ӯ дар мусобиқаи байналмилалаии “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2025” оид ба ҷудо дар вазни то 52 кг сазовори медали биринҷӣ шуд. Навори шодии ӯву падараш баъди ғалаба дар шабакаҳои иҷтимоӣ бинандаи зиёд пайдо кард. Мадина зодаи ноҳия Восеъ асту […]

Эмомалӣ Саидзод, Asia-Plus

Мадина Қурбонзода, нахустин духтари тоҷик аст, ки дар мусобиқоти “Тоскулоҳи бузург” ё “Grand Slam” соҳиби медал шуд. Ӯ дар мусобиқаи байналмилалаии “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2025” оид ба ҷудо дар вазни то 52 кг сазовори медали биринҷӣ шуд.

Навори шодии ӯву падараш баъди ғалаба дар шабакаҳои иҷтимоӣ бинандаи зиёд пайдо кард.

Мадина зодаи ноҳия Восеъ асту онҷо ба воя расидааст. Ӯро дар ин самт падараш роҳнамоӣ намудааст.

"Модарам намехост, ки ман варзишгар шавам, аммо падарам гоҳо пинҳонӣ ё модарамро розӣ карда, ба мусобиқаҳое, ки дар ноҳияҳои наздик мешуд, мебурд. Ман бо бачаҳо машқ мекардам ва ба ҳар деҳа рафта бо бачаҳо гуштин мегирифтам ва онҳоро мағлуб мекардам", – нақл кард ӯ.

Мадина баъди дастовардҳо ва дарёфти ҷоизаҳои зиёд дар мусобиқаҳои маҳаллӣ, ба Душанбе омад ва дар толори варзишии “Кангурт”, таҳти роҳбари Муртазо Носиров тамрин мекунад. Мувафақияти охирашро ба заҳматҳои ҳамин устодаш рабт медиҳад.

Мадина мегӯяд, ин муваффақият барои ӯ интиҳо нест ва ӯ барои худ мақсади нав – роҳ ёфтан ба бозиҳои олимпӣ ва дар онҷо баланд бардоштани парчами кишварро гузоштааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.