“Ҳофизхонӣ” дар “Азия-Плюс” ба муносибати 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ

Имрӯзҳо дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Порис таҷлили 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ, шоири маҳбуби тоҷику форс таҳти унвони “700 сол бо Ҳофиз” идома дорад. Он бо ташаббуси Тоҷикистон баргузор гардида, дар доираи он аллакай, намоиши ҷашнӣ, конфронси байналмилалӣ ва барномаи фарҳангӣ бо ширкати аҳли ҳунару фарҳанг ва адаби Тоҷикистон гузашт. Кормандони “Азия-Плюс” низ ба ин муносибат дар идора базми […]

Имрӯзҳо дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Порис таҷлили 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ, шоири маҳбуби тоҷику форс таҳти унвони “700 сол бо Ҳофиз” идома дорад. Он бо ташаббуси Тоҷикистон баргузор гардида, дар доираи он аллакай, намоиши ҷашнӣ, конфронси байналмилалӣ ва барномаи фарҳангӣ бо ширкати аҳли ҳунару фарҳанг ва адаби Тоҷикистон гузашт.

Кормандони “Азия-Плюс” низ ба ин муносибат дар идора базми шеър ороста, аз Ҳофиз “фолкушоӣ” карданд.

Ҳофизро “Лисон-ул-ғайб” – донандаи асрори ғайб мегӯянд, чун шеъри ӯ хусусияти аҷиб дорад. Дар дилхоҳ маврид ба дарди хонанда мехӯраду таскини дил мегардад: гӯё Ҳофиз ҳамин лаҳза ин байтро барои ӯ гуфта бошад.

Шарти ҳофизхонии мо низ ҳамин буд: қироати байте, ки алҳол ифодагари рӯҳияи мо бошад. 

https://www.youtube.com/watch?v=hd2e1vml_4A?feature=share

Ҳофизи Шерозӣ аз бузургтарин шоирони форсигӯй буда, эҷодиёташ дар адабиёти ҷаҳонӣ арзиши баланд дорад.

Ҷашнвораи байналмилалии “700 сол бо Ҳофиз”, ки рӯзи 11-уми июн дар ЮНЕСКО оғоз шуд, то 14-уми июн давом мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.