Хадамоти гумрук: Боҷ барои воридоти телефони мобилӣ ба Тоҷикистон 20% аз арзиши гумрукии телефон аст

Хадамоти гумрук ҷорӣ гардидани боҷи гумрукиро барои воридоти телефонҳо ба ҷумҳурӣ шарҳ дод. Тавре ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, аз 1-уми июли соли 2025 барои воридоти телефони мобилӣ ба кишвар пардохти 20% боҷи гумрукӣ аз арзиши гумрукии телефон зарур аст. “Барои воридоти телефони мобилӣ аз ҷониби Хадамоти гумруки назди […]

Asia-Plus

Хадамоти гумрук ҷорӣ гардидани боҷи гумрукиро барои воридоти телефонҳо ба ҷумҳурӣ шарҳ дод.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, аз 1-уми июли соли 2025 барои воридоти телефони мобилӣ ба кишвар пардохти 20% боҷи гумрукӣ аз арзиши гумрукии телефон зарур аст.

“Барои воридоти телефони мобилӣ аз ҷониби Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтҳои зерини гумрукӣ ситонида мешавад:

– 14% ААИ аз арзиши дастгоҳ (мутобиқи Кодекси андози ҶТ);

– 10 доллар – пардохти гумрукӣ (мутобиқи Қарори ҳукумати ҶТ №472 аз 2-юми декабри соли 2005). Телефоне, ки нархаш аз 100 доллари ИМА зиёд нест, аз пардохти гумрукӣ озод карда мешаванд;

– Пардохти 20% боҷи гумрукӣ аз арзиши гумрукии дастгоҳ аз 1-уми июли соли 2025 (мутобиқи қарори ҳукумати ҶТ №436 аз 10-уми июни соли 2025) оғоз мегардад”, – хабар доданд дар Хадамоти гумрук.

Дар Хадамот зикр карданд, ки зимни воридоти телефони мобилӣ барои истифодаи шахсӣ, пардохтҳои гумрукии дар боло зикршуда низ бояд пардохта шавад.

Ғайр аз ин, барои бақайдгирии ҳатмии IMEI-и телефон пардохти 50 сомонӣ зарур аст.

Қобили зикр аст, ки ин навоварӣ рӯзи 17-уми июн маълум шуда, он замон “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки боҷ барои воридот 20%-ро ташкил медиҳад. Лекин баъдан, пас аз омӯзиши замима ба қарор, мо тасҳеҳ нашр кардем, ки боҷ 20 евро аст ва бо пули миллӣ бо қурби муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон ситонида мешавад.

“Азия-Плюс” барои роҳ додани ба хато аз корбарону хонандагон узр мепурсад. Ин иштибоҳ бо сабаби дастрас нашудани посухи фаврӣ аз ҷониби сохторҳои дахлдори давлатӣ ба миён омад.

Мо ба Хадамоти гумрук бо хоҳиши шарҳи сабаби ҷорӣ шудани боҷи мазкур дархост фиристодем.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.