Темур Раҳимов медали биринҷӣ гирифт. Паҳлавонони тоҷик аз қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон бо се медал ба ватан бармегарданд

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Темур Раҳимов, паҳлавони сангинвазни тоҷик дар рӯзи ҳафтуми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар шаҳри Будапешти Маҷористон дар вазни ҷамъи 100 кг медали биринҷӣ ба даст овард. Ин сеюмин медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷаҳони ҷудо дар имсол ва дар маҷмуъ, панҷумин аст.

Ӯ рӯзи гузашта ба рақобат пардохт ва муборизаро аз даври дуюм шуруъ кард. Дар ин давр паҳлавони 27-солаи мо Сеунгёб Ли аз Куриёи Ҷанубиро ноком карда, ба марҳилаи 1/8-ниҳоӣ роҳ ёфт. Ин марҳиларо ҳам Темур бо ғалаба муқобили варзишагри утришӣ (австриягӣ) Мовлӣ Борчашвиллӣ пушти сар кард ва ба ¼-финал баромад.

Ҳарифи Раҳимов дар ин давр Гончигсурен Батхуяги муғулистонӣ буд, ки варзишгри мо ӯро ҳам шикаст дод ва ба нимфинал рафт. Вале дар ин давр Темур аз Инал Тасоев, намояндаи Федератсияи байналмилалии ҷудо ноком шуд.

Баъди ин Темур муборизаро барои медали биринҷӣ идома дод ва бо пирӯзӣ дар баробари Ушанги Кокаурӣ аз Озарбойҷон онро ба гардан овехт. Ин якумин медали биринҷӣ аз қаҳрамонии ҷаҳон барои Темур аст.

Панҷ куштигири дигари тоҷик – Меҳрзод Суфиев, Беҳрӯзи Хоҷазода, Абубакр Шеров, Сомон Маҳмадбеков Кароматулло Ҳакимов ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар марҳилаҳои гуногуни мусобиқа мағлуб шуда, аз гирифтани медалҳо маҳрум гаштанд.

Ҳамин тавр, варзишгарони тоҷик аз мусобиқаи мазкур бо 3 медал, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ бармегрданд. Медалҳи дигари Тоҷикистонро Эмомалӣ Нуралӣ (нуқра) ва Обид Ҷебов (биринҷӣ) ба даст оварда буданд.

Варзишгарони тоҷик аз рӯи ҳисоби медалҳо дар миёни 93 кишвар ҷои 7-умро гирифтанд. Аз ин ҳисоб Ҷопон бо касби 14 медал (6 тилло, 4 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар ҷои аввал қарор гирифт.

То ин дам варзишгарони тоҷик аз қаҳрамонии ҷаҳон ду медал оварда буданд: соли 2007 Расул Боқиев дар Рио-де-Жанейро ва соли 2024 Сомон Маҳмадбеков дар Абу-Забӣ.

Дар ин мусобиқот, ки аз 13-уми июн оғоз шуда буд ва имрӯз анҷом меёбад, 556 варзишгар (294 мард ва 262 зан) аз 93 кишвари 6 қораи олам иштирок доштанд.

Ғолибони мусобиқа дар баробари медал бо ҷоизаҳои молӣ низ қадрдонӣ мешаванд. Барои ҷойи якум 26,000 евро (20,800 евро ба варзишгар, 5,200 евро ба мураббӣ), барои ҷойи дуюм 15,000 евро (12,000 евро ба варзишгар, 3000 евро ба мураббӣ) ва барои зинаҳои сеюм 8000-евроӣ (6,400 евро ба варзишгар, 1,600 евро ба мураббӣ).

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...