Нахустин медали нуқра ва сеюмин медали биринҷии Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон

Ду ҷудокори ҷавони тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов дар қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар шаҳри Будапешти Маҷористон идома дорад, рӯзи гузашта соҳиби медал шуданд. Эмомалӣ Нуралӣ бори нахуст дар таърихи Тоҷикистон медали нуқра гирифт ва Обид Ҷебов медали биринҷии сеюми Тоҷикистонро ба гардан овехт. Мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон рӯзи 13-ум оғоз шуд ва он то 20-уми […]

Ду ҷудокори ҷавони тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов дар қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар шаҳри Будапешти Маҷористон идома дорад, рӯзи гузашта соҳиби медал шуданд. Эмомалӣ Нуралӣ бори нахуст дар таърихи Тоҷикистон медали нуқра гирифт ва Обид Ҷебов медали биринҷии сеюми Тоҷикистонро ба гардан овехт.

Мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон рӯзи 13-ум оғоз шуд ва он то 20-уми июн давом мекунад.

Эмомалӣ Нуралии 23-сола дар рӯзи дуюми мусобиқа бар асоси қуръакашӣ дар вазни то 66 кг баромад карда, то финал роҳ ёфт. Вай намояндаи Испания Нието Чинарро бо имтиёзи “иппон” мағлуб карда, дар ҳаштякфинал бар Важа Маргвелашвилии гурҷӣ бо ду имтиёзи “ваза-ари” дастболо шуд. Эмомалӣ дар чаҳорякфинал бо се “шидо” (“огоҳӣ”) муқобили намояндаи Қазоқистон Гусман Қирғизбоев пирӯз гардид. Дар даври нимниҳоӣ Эмомалӣ Нуралӣ муқобили Обид Ҷебов, паҳлавони дигари тоҷик пирӯз шуд.

Дар даври ниҳоӣ Эмомалӣ аз варзишагри ҷопонӣ Такеока Такешӣ шикаст хӯрда, аз медали тилло маҳрум ва медали нуқраву 15 ҳазор евроро соҳиб шуд. Ин аввалин медали нуқра дар таърихи ҷудои Тоҷикистон аст.

Ҳамчунин, Обид Ҷебови 27-сола, ҷудокори дигари тоҷик  дар вазни то 66 кг медали биринҷии сеюми Тоҷикистонро аз қаҳрамонии ҷаҳон ба гардан овехт.

Ӯ рақобатро аз даври дуюм оғоз кард ва бо шикаст додани намояндаи Маҷористон Балинт Гомбас ба давраи баъди роҳ ёфт. Вай дар ҳаштякфинал ба Рамазон Абдуллоев аз дастаи IJF (Федератсияи байналмилалии ҷудо) пирӯз шуда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ дар даври 1/4-ниҳоӣ бо паҳлавони маъруфи ҷопонӣ Ҳифуми Абе, қаҳрамони дукаратаи олимпӣ ва чаҳоркаратаи ҷаҳон куштӣ гирифта, бо имтиёзи "иппон" пирӯзӣ ба даст овард.

Дар марҳилаи нимфиналӣ рақиби Обид Ҷебов варзишагри дигари тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ буд. Дар набарди паҳлавонони мо Эмомалӣ дастболо шуда, ба финал рафт ва Обид муборизаро барои медали биринҷӣ давом дод. Ӯ баъди шикаст аз ҳамватани худ Эмомалӣ Нуралӣ, дар мубориза барои ҷои сеюм ҷудокори фаронсавӣ Валид Хярро бо имтиёзи "иппон" ноком кард ва соҳиби медали биринҷӣ ва 8 ҳазор евро шуд.

Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон то ба имрӯз ҷудокорони тоҷик танҳо 2 нишони биринҷӣ дар мусобиқаҳои Қаҳрамонии ҷаҳони ҷудо ба даст оварда буданд: Расул Боқиев соли 2007 дар Рио-де-Жанейро ва Сомон Маҳмадбеков соли 2024 дар Абу-Забӣ.

Ҳамин тариқ, дар ин мусобиқот, аз ҳисоби медалҳо, Тоҷикистон бо касби 2 медал (1 нуқра ва 1 биринҷӣ) дар ҷойи сеюм қарор дорад. Ҷопон бо касби 5 медал (3 тилло ва 2 биринҷӣ) дар ҷойи аввал ва Италия бо касби 1 медали тилло дар ҷойи дуюм аст.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳони ҷудо Тоҷикистонро 9 паҳлавон дар шаш вазн намояндагӣ мекунанд. Дар рӯзи аввали мусобиқа, 13-уми июн Меҳрзод Суфиев дар вазни то 60 кило Тоҷикистонро намояндагӣ кард, вале соҳиби медал шуда натавонист. Ӯ дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм Ҷонатан Чаронро аз Куба шикаст дод. Аммо дар даври баъдӣ аз Ромаин Валиде Пикарди фаронсавӣ мағлуб шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳруш гашт.

Боз шаш паҳлавони тоҷик, Беҳрӯзи Хоҷазода ва Абубакр Шеров (ҳарду дар вазни -73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов ва Кароматулло Ҳакимов (ҳарду дар вазни -100 кг), Темур Раҳимов (+100 кг) рақобат хоҳанд кард.

Дар ин мусобиқот, 556 варзишгар (294 мард ва 262 зан) аз 93 кишвари 6 қораи олам иштирок доранд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонӣ ба ҷуз аз медал, бо ҷоизаҳои молӣ қадрдонӣ мешаванд. Барои ҷойи аввал 26,000 евро (ба варзишгар – 20,800 евро, ба мураббӣ – 5,200 евро), барои ҷойи дуюм 15,000 евро (ба варзишгар – 12,000 евро, ба мураббӣ – 3000 евро) ва барои ҷойҳои сеюм 8000-евроӣ (ба варзишгар – 6,400 евро, ба мураббӣ – 1,600 евро).

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.