Ҷустуҷӯи ҷасади се тан идома дорад. Ғарқ шудани чор нафар дар ду рӯзи охир

Дар Тоҷикистон давоми ду рӯзи охир чор тан дар об ғарқ шуда, се нафари онҳо ба ҳалокат расидаанд. Имдодгарон танҳо як ноболиғро наҷот додаанд ва ҷустуҷӯи ҷасади се тани дигар то ҳол идома дорад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод, ки рӯзи 21-уми июн тақрибан соати 17:30 дақиқа як сокини 16-солаи деҳаи Ваҳдатобод дар ноҳияи Панҷ ҳангоми […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон давоми ду рӯзи охир чор тан дар об ғарқ шуда, се нафари онҳо ба ҳалокат расидаанд. Имдодгарон танҳо як ноболиғро наҷот додаанд ва ҷустуҷӯи ҷасади се тани дигар то ҳол идома дорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод, ки рӯзи 21-уми июн тақрибан соати 17:30 дақиқа як сокини 16-солаи деҳаи Ваҳдатобод дар ноҳияи Панҷ ҳангоми оббозӣ дар канали деҳа ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин, рӯзи 22-юми июн тақрибан соати 16:00 сокини 26-солаи ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҳангоми оббозӣ дар рӯди Вахш, дар ҳудуди деҳаи Навободи ҷамоати шаҳраки Бохтариён ғарқ шудааст.

Дар ҳамин рӯз, ҳудуди соати 14:20 дақиқа сокини 43-солаи кӯчаи Пахтакори шаҳри Хуҷанд дар макони барои оббозӣ мамнӯи дарёи Сир оббозӣ карда ғарқ шудааст. Ба иттилои манбаъ, он замон номбурда сархуш будааст.

Ҷасади ин се тан то ҳол дарёфт нашуда, ҷустуҷӯ идома дорад.

КҲФ гуфт, дирӯз, 22-юми июн имдодгарон дар вилояти Суғд як ноболиғи сокини ноҳияи Ҷаббор Расуловро, дар рӯди Сир аз ғарқшавӣ наҷот додаанд.

Ҳамчунин, имрӯз, 23-юми июн аз Раёсати КҲФ вилояти Суғд ба “Азия-плюс” иттилоъ доданд, ки дирӯз, 22-юми июн як навраси 14-сола ҳангоми оббозӣ дар кули Бӯстон ғарқ шуда, ҷон бохтааст. Вале дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода иттилои расмӣ надодааст.

Ин ниҳод гуфтааст, ки “аксари ин ҳодисаҳо (ғарқшавӣ-аз идора) аз риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ рух медиҳанд”

Бояд гуфт, ки бо оғози мавсими гармӣ аксари наврасон ба қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар кӯлу дарёҳо риоя накарда, ба ҳалокат мерасанд.

Давоми панҷуним моҳи соли ҷорӣ танҳо дар вилояти Хатлон 49 нафар бар асари ғарқшавӣ дар обҳо ҷон бохтаанд, ки 40 нафари онҳоро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.