Муҳаммад Наимов барои ғалаба дар “UFC Fight Night” чӣ қадар мукофотпулӣ гирифт?

Дар  мусобиқаи "UFC Fight Night" дар Боку размикори 30-солаи тоҷик Муҳаммад Наимов (13-3) бар ҳарифи худ аз Утриш (Австрия) Богдан Град (15-3) пирӯз шуд. Ҳамин тавр, Наимов 13-умин пирӯзии худро дар муҳорибаҳои омехта ба даст овард Дар Лигаи маъруфи UFC ин пирӯзии дуюми пайдарпайи размикори тоҷик аст. Ӯ се маротиба нокомӣ ҳам шудааст. Бори охир […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Дар  мусобиқаи "UFC Fight Night" дар Боку размикори 30-солаи тоҷик Муҳаммад Наимов (13-3) бар ҳарифи худ аз Утриш (Австрия) Богдан Град (15-3) пирӯз шуд.

Ҳамин тавр, Наимов 13-умин пирӯзии худро дар муҳорибаҳои омехта ба даст овард Дар Лигаи маъруфи UFC ин пирӯзии дуюми пайдарпайи размикори тоҷик аст. Ӯ се маротиба нокомӣ ҳам шудааст.

Бори охир Муҳаммад Наимов моҳи феврали соли 2025 муқобили варзишгари турктабор аз Австралия Каан Офлӣ размида, бо ҳисоби доварон ғалаба карда буд.

Богдан Град, рақиби размикори тоҷик ҳамакнун бори сеюм мағлуб шуд. Ӯ то муҳориба бо Муҳаммад 15 ғалаба ва 2 нокомӣ дошт.

Маблағи мукоофтпулии Муҳаммад Наимов 81 ҳазор доллар бо шумули 38 ҳазор ба сифати ҷоиза барои пирӯзӣ (бонус) ва 5 ҳазор аз сарпарастонро ташкил дод. Дар ин бора “Sporty Salaries” хабар медиҳад.

Муҳаммад Наимов, маъруф бо номи "Hillman", – яке аз намояндаи барҷастатарини Тоҷикистон дар ММА аст. Ӯ соли 2023 муваффақона ба UFC ворид шуд. То моҳи майи соли 2025 ӯ ба якчанд ғалабаи назаррас (аз ҷумла бо нокаут) ноил гардида, худро ҳамчун зарбазани пуртаҷриба нишон дод.

Наимов бо усули ҷанговарона ва ҳамлагар дар рақобат ва зарбаҳои қавиаш маъруф аст. Рақобатҳояш дар UFC мавриди таваҷҷуҳи мухлисон ва мутахассисон қарор гирифта, ба зинаҳои баландтари радабандиҳо боло рафтани ӯ дар вазни нимасабук идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, ӯ ҳам ғалабаҳо ба даст овардаву ҳам ба бохтҳо дучор гардида, дар рақобатҳои асосӣ (мейнкардҳо)-и мусобиқаҳои UFC Fight Night ва PPV дилпурона боқӣ мемонад. Муҳаммад ба устувор кардани мавқеи худ дар 25-гонаи  беҳтаринҳо (топ-25)-и дивизион ва “гейткипер шудан” дар сафи 15-гонаи беҳтаринҳо қодир аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.