Яке аз маҳкумшудагони куштори оилаҳо дар Конибодомро ба зиндони Ваҳдат интиқол додаанд

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Шарифҷон Ашӯрови 66-сола, ки дар пайванд ба куштори як оила дар шабу рӯзи қатлҳои пайдарпайи пурсарусадои шаҳри Конибодом боздошт ва 20-сол равонаи зиндон шуда буд, аз маҳбаси шаҳри Хуҷанд ба зиндони шаҳри Ваҳдат интиқол додаанд.

Мақомоти қудратии вилояти Суғд Шарифҷон Ашӯровро ба  куштори бародараш Музаффар Урмонов ва ҳамсари ӯ Иноят Урмонова дар баҳори соли гузашта гунаҳгор медонанд. Наздикони Ашӯров ба ин бовар надоранд ва талош мекунанд бегуноҳии ӯро собит намоянд.

Дилдора Ғиёсова, духтари маҳкумшуда дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки ду моҳ пеш падарашро ба зиндони Ваҳдат интиқол доданд ва “ин ғаму азоби оилаи моро вазнинтар кард”.

“Хуҷанд ба шаҳри Конибодом наздиктар буд ва зуд-зуд ба дидорбинӣ мерафтем. Моҳи март дар зиндони Хуҷанд дида будем. Баъди даҳ рӯз рафтем, ки алакай падарам нест. Як муддат касе чизеро шарҳ надод, баъдтар маълум шуд, ки ба зиндони шаҳри Ваҳдат бурдаанд. Онҷо дур аст, мо наметавонем ҳар вақт падарамро аёдат кунем”, – гуфт Дилдора Ғиёсова.

Шарифҷон Ашӯров соҳиби ду духтар аст. Дилдора Ғиёсова, яке аз онҳост, ки дар деҳа, бо чор кӯдакаш дар хонаи падараш зиндагӣ мекунад, то модари танҳояшро нигоҳубин ва ҳамроҳӣ кунад.

Ӯ мегӯяд, борҳо барои бозбинии ҳукми падараш ба мақомоти дахлдор муроҷиат карданд, вале то ба ҳол натиҷае нест.

“Ба Додситонии кул, Дастгоҳи иҷроияи президент нома навиштем, вале ҷавобҳо якранганд: “Муроҷиати шаҳрванд Ғиёсова Дилдора барои баррасӣ фиристода мешавад. Хоҳишмандем аз натиҷааш ба муаллифи муроҷиат ба таври хаттӣ хабар диҳед”,- гуфт номбурда.

Вай афзуд, ки баъди ҳабси падараш набзи зиндагии онҳо ба ҳам зада, модараш бемор ва бистарӣ шудааст. Худи вай бо мардикорӣ зиндагиро пеш мебарад ва барои дидорбинии падараш ҳам маблағ ҷамъ мекунад.

Ӯ гуфт, чанде пештар падарашро дар зиндони шаҳри Ваҳдат аёдат кард ва “ӯ то ҳол ба бегуноҳии худ таъкид мекунад”.

Мақомот ғайр аз хабари боздошту судури ҳукми додгоҳ, ин қазияро муфассал шарҳ надодааст.

Бояд гуфт, ки соли гузашта дар шаҳри Конибодом дастикам 7 куштори хонаводагӣ рух дод ва 23 нафар ба таври мармуз кушта шуданд. Оилаи Урмоновҳо ҳам қурбонии кушторҳои пайдарпай шуда буд.

Музаффар Урмонов ва ҳамсари ӯ Иноят Урмоноваро шахсони номаълум шаби 16-уми апрели соли 2024 дар деҳаи Сайҳуни ҷамоати деҳоти Фирӯзобаи шаҳри Конибодом куштанд. Пас аз 21 рӯзи қатли онҳо, Шарифҷон Ашӯровро ҳамчун гумонбар дар ин куштор боздошт шуд. Бо вуҷуди таъкиди бегуноҳии наздиконаш, Додгоҳи вилояти Суғд Шарифҷон Ашӯровро рӯзи 12-уми декабр гунаҳкор ва 20 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Қаблан, пайвандони Шарифҷон Ашӯров ва ҳам Музаффар Урмонов гуфта буданд, ки "ӯ дар пайи шиканҷа гуноҳро эътироф кардааст".

Зимнан, дар пайванд ба кушторҳо дар Конибодом, 21-уми декабри соли 2024 Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки ҷинояти кушторҳо ошкор шудаву 4 гумонбар боздошт гардиданд. Ҳоло тафтишот ба куҷо расидааст маълум нест.

Дар бораи силсилаи кушторҳо дар Конибодом муфассал дар маводи “Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?” метавонед мутолиа кунед.

Ҳамчунин, дар бораи баъзе ҷузъиёти боздошт ва зиндагиву фаъолияти муттаҳамони дастгиршуда дар матлаби “Аз 4 гумонзад 3 нафар маҳбуси собиқанд. Сӯҳбат бо наздикони гумонбарони кушторҳои пайиҳам дар Конибодом” метавонед маълумоти бештар гиред.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...