Боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Амрико бо гумони ғайриқонунӣ овардани хориҷиён ба ин кишвар

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Амрико ба убури ғайриқонунии марз ва ғайриқонунӣ ворид кардани хориҷиён ба ин кишвар бо ҳадафи ба даст овардани фоида муттаҳам шудаанд.

Дар ин бора Дэвид Меткалф, додситони ноҳиявии иёлати Пенсилвания дар баёнияе иттилоъ дода, аз онҳо Беҳзод Раҳматови 30-сола ва Мӯнис Хоҷиеви 31-сола ном бурдааст.

Маълум нест, ки ин ду ҷавон кай ва чӣ гуна боздошт шудаанд, вале рӯзи нашри баёнияи додситон 24-уми июн мебошад.

Ба гуфтаи манбаъ, Раҳматов дар шаҳри Мейнвил дар аёлати Оҳайо ва Ҳоҷиев дар шаҳри Филаделфия иқомат дошта, ҳарду ғайриқонунӣ дар як рӯз вориди Иёлоти Муттаҳида шудаанд.

Тибқи иттиҳомоти додситонӣ, Раҳматов ва Хоҷиев ҳамчунин ба талош барои ворид кардани шаҳрванди хориҷӣ ба ИМА бо ҳадафи ба даст овардани даромади молӣ гумонбар мешаванд.

Ба навиштаи манбаъ, онҳо ба шахсе ёрӣ кардаанд, ки ғайриқонунӣ ба ИМА ворид шавад. Сипас, онҳо аз он мард дар бораи ба кишвар ворид кардани муҳоҷирони ғайриқонунии дигар тавсия гирифтаанд тавсия ва роҳнамоӣ гирифтаанд.

"Давоми солҳои 2022-2025 ин ду нафар бо дигар афрод ҳамкорӣ карда, шабакаи убури ғайриқонунии муҳоҷирон ба ИМА-ро ташкил кардаанд. Онҳо барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, аз ҷумла раводидҳо ва шиносномаҳо тайёр мекардаанд. Муҳоҷирон бо ин ҳуҷҷатҳо аз марзи Мексика ба ИМА дохил мешудаанд. Муттаҳамон барои ин “хадамот” маблағи муайян мегирифтанд", – омадааст дар баёнияи додситонӣ.

Солҳои охир қаламрави Мексика ба як роҳи маъруфи убури дастаҷамъонаи муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, табдил ёфтааст.

Агар гуноҳи Беҳзод Раҳматов ва Мӯнис Хоҷиев дар додгоҳ собит шавад, ба ҳар як аз онҳо то 10 соли зиндон таҳдид мекунад. Ин парванда аз ҷониби Бюрои федеролии тафтишот (FBI) таҳқиқ мешавад.

Ба иттилои манобеи боз, теъдоди зодагони Тоҷикистон дар Амрико то 16 ҳазор нафар мерасад, ки бештари онҳо дар шаҳрҳои Ню-Йорк ва Филаделфия зиндагӣ мекунанд.

Дар чанд соли охир боздозти шаҳрвандон ва зодагони Тоҷикистон дар ИМА зиёд расонаӣ мешавад. Аз октябри соли 2020 то сентябри соли 2024 дар Иёлоти Мутаҳидаи Амрико 825 шаҳрванди Тоҷикистон боздошт гардидаанд. Ба иттилои дастарс, аз ин теъдод шаҳрвандони Тоҷикистон 103 тан ҳабс ва 88 каси дигар ихроҷ шудаанд.

Азия-Плюс” қаблан қиссаи як ҷавони тоҷике, ки тавассути Мексика ба ИМА рафтааст навишт. Қиссаи ин ҷавони тоҷикро дар матлаби мазкур “Аз Душанбе то Ню-Йорк: Чӣ гуна як шаҳрванди Тоҷикистон тавассути Мексика ҳамчун гуреза ба ИМА ворид шуд”, метавонед мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...