Ду қочоқбар кушта ва 57 кг “афюн” мусодира шуд. КДАМ аз як талоши дигари қочоки маводи мухаддир пешгирӣ кардааст

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) аз боз як талоши дигари интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон пешгирӣ кардаанд. Ин ниҳод дар умум, аз гуруҳи муташаккили фаромиллии ҷиноятӣ 58 килограмму 475 грам маводи мухаддирро мусодира намудаанд. Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ хабар додааст, ки гурӯҳи қочоқбари фаромиллии воситаҳои нашъадори афғон иборат аз чор […]

Asia-Plus

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) аз боз як талоши дигари интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон пешгирӣ кардаанд. Ин ниҳод дар умум, аз гуруҳи муташаккили фаромиллии ҷиноятӣ 58 килограмму 475 грам маводи мухаддирро мусодира намудаанд.

Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ хабар додааст, ки гурӯҳи қочоқбари фаромиллии воситаҳои нашъадори афғон иборат аз чор нафар бо роҳбарии Азархон валади Сайдумари тахминан 50 сола, зодаи қарияи Каҷии вулусволии Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон сарҳади давлатии Тоҷикистонро дар деҳаи Кишти ҷамоати деҳоти Нуриддин Маҳмудови ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ғайриқонунӣ убур намуда, кӯшиши интиқоли маводи мухаддирро ба Тоҷикистон доштааст.

“Дар натиҷаи роҳандозии чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони Гурӯҳи фаврии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии дидбонгоҳи сарҳадии 5-уми  “Хирманҷо”-и қисми низомии Раёсати Қӯшунҳои Сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон масири ҳаракати гурӯҳи ҷинояткор муайян ва қочоқи маводи мухаддир пешгирӣ карда шуд”, – хабар додааст КДАМ.

Таъкид гардидааст, ки зимни амалиёти боздошт қочоқбарони афғонистонӣ ба амри кормандони амниятӣ оид ба таслим шудан итоат накарда, аз силоҳи оташфишон тир кушоданд. Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ роҳбари гурӯҳи қочоқбарон Азархон валади Сайдумар ва аъзои гурӯҳ Азизи Розмуҳаммади тахминан 30 сола, зодагони қарияи Каҷии вулусволии Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон кушта шудаанд. Аъзои боқимондаи гурӯҳ ба ба самти Афғонистон фирор намуданд.

 

Дар ҷойи ҳодиса 2 адад автомати “Калашников” бо тирдон ва 17 дона тир, 1 адад таҷҳизоти шаббин, 1 адад қаиқи резинӣ, 3 борхалта бо 59 баста, ки 57,515 кг воситаи нашъадори навъи “афюн” ва 960 грамм навъи “амфитамин” буда, вазни умумиашон 58 килограмму 475 грамро ташкил медиҳад, мусодира гардидааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур аз тарафи шуъбаи тафтишоти Гурӯҳи фаврии Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон бо моддаҳои 195 қисми 2, 200 қисми 4, банди “д”, 289 қисми 3 ва 335 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз карда шуда, ҷустуҷӯи ҳаммаслакони ин гурӯҳи ҷиноятӣ идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи пеш низ сарҳадбонони тоҷик дар марз бо Афғонистон бо як “гурӯҳи фаромиллии нашъаҷалоб” даргир шуда, як танро кушта буданд. Он замон гурӯҳи чорнафараи қочоқбари мусаллаҳи афғонистонӣ аз ноҳияи Ҳамадонӣ мехостанд вориди Тоҷикистон шаванд ва ба амри сарҳадбонон итоат накарда, вориди даргирӣ шуданд. Дар натиҷа саркардаи ин гурӯҳ Маҳмадҳошим валади Миракбар кушта шуда, се тани дигар ба ҷониби Афғонистон фирор кардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.