Авҷи таниши сиёсиву иттилоотӣ. Русия аз сокинонаш хост, дар Озарбойҷон “эҳтиёткор бошанд”

Asia-Plus

Бо гузашти беш аз як ҳафта аз боздошти намоишкоронаи чандин озарии шаҳрванди Русия дар Екатеринбург ва марги мармузи ду нафари онҳо, ки ба хашму вокунишҳои расмии Боку ва ҷомеаи шаҳрвандии он кишвар сабаб шуд, таниши сиёсиву иттилоотӣ миёни Озарбойҷон ва Русия ба марҳилаи ҷиддӣ ворид шудааст.

Боздошти хабарнигорони “Спутник”-и Русия дар Боку, вокунишҳои расмии Кремл, дастгирии ошкорои Украина аз Озарбойҷон ва ҷалби дипломатҳо — ҳамаи ин “ҷанги лафзӣ ва расонаӣ”-ро ба авҷ расонидааст.

 

Оғози таниш

Равобити Русияву Озарбойҷон дар пайи марги мармузи ду бародари озарӣ — Зиёддин ва Ҳусейн Сафаровҳо дар шаҳри Екатеринбург ба сардӣ гароид. 27-уми июн мақомоти қудратии Русия дар ин шаҳр “амалият боздошт”-и намоишкорона гузаронид ва даҳҳо озарии шаҳрванди Русияро бо шеваи тунду хашин боздошт кард, ки ду нафари онҳо ҷон бохтанд.

Мақомот ва расонаҳои Озарбойҷон аз шеваи муносибати кормандони мақомоти Русия бо озариҳо сахт интиқод карданд ва даъво намуданд, ки Зиёддин ва Ҳусейн Сафаровҳо дар пайи шиканҷа ҳангоми боздошт ҷон бохтаанд. Мақомоти Русия ин даъвои ҷониби Озарбойҷонро рад карда, гуфт, яке бо сабаби сактаи қабл ҷон дод. Аммо марги дигариро шарҳ надод.

Пас аз се рӯзи ин амалиёт, рӯзи 30-юми июн мақомоти Озарбойҷон дар шаҳри Боку ба дафтари хабаргузории русии “Спутник” рафтанд ва ду корманди он – Игор Картавих, директори иҷроия ва Евгений Белоусов, муҳаррири масъулро боздошт карданд. Мақомоти Озарбойҷон онҳоро ба фаъолияти ғайриқонунӣ ва ҳамкорӣ бо Хадамоти федеролии амнияти Русия муттаҳам карданд.

Ойтекин Ҳусейнова, хабарнигори хабаргузории “Ruptly”, ки боздошти кормандони “Спутник”-ро ба навор гирифта буд, нопадид шудааст.

Ҳамчунин, мақомоти Озарбойҷон даҳҳо шаҳрванди Русияро дар қаламраваш айнан бо шеваи мақомоти рус, яъне намоишкорона боздошт карда, аксари онҳоро барои интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир аз Эрон муттаҳам кард. Чанд нафари онҳоро ба муддатҳои гуногун ба ҳабс гирифт. Дар наворҳои паҳнгардида дида мешавад, ки шаҳрвандони Русия бо осори латукӯб ба додгоҳ ҳозир шудаанд. Айнан ҳамон тавре, ки мақомоти Русия озариҳоро боздошту латукӯб карда буданд.

 

Эътироз ба дипломатҳо ва шарҳи сухангӯҳо

Сафири Озарбойҷон дар Маскав ба Вазорати корҳои хориҷии Русия даъват шуда, ба ӯ эътирози ҷониби Маскав аз боздошти шаҳрвандони Русия изҳор гардид.

Сафири Русия дар Боку ҳам ба Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон даъват гардид ва эътироз аз шеваи муносибат бо шаҳрвандони Озарбойҷон изҳор гардид.

Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфт, ки "ҳодисаҳои дар Екатеринбург рухдода натиҷаи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буд” ва набояд сабаби эътирозҳои дипломатӣ шавад. Ӯ зикр кард, ки “Маскав манфиатдор аст, ки равобити дӯстона бо Боку идома ёбад”.

Песков таъкид кард, ки Русия омода аст барои шарҳи сабабу омилҳои ҳаводиси ахир бо Озарбойҷон ҳамкорӣ кунад. Ӯ зикр намуд, ки айни замон гуфтугӯи телефонӣ байни президентҳои ду кишвар дар назар нест, аммо агар зарурат пеш ояд, чунин тамос дар фурсати кӯтоҳ ташкил хоҳад шуд.

Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия, дар шарҳи танишҳои ахир гуфт, мақомоти Озарбойҷон ба дипломатҳои рус иҷозати мулоқот бо 13 шаҳрванди Русияро, ки дар Боку боздошт шудаанд, надодаанд. Вай таъкид кард, ки ин маҳдудиятҳо ва набудани иттилоъ дар бораи сабабҳои боздоштҳо боиси нигаронии ҷиддии Маскав гардидааст.

Дар баробари ин, хонум Захарова ба шаҳрвандони Русия, ки дар Озарбойҷон қарор доранд ё ният доранд ба он ҷо сафар кунанд, тавсия дод, ки бо эҳтиёт бошанд ва вазъияти мавҷударо ба назар гиранд.

 

Ҳамдардиву ҷонибдории Украина

Дар ин миён, 1-уми июл Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ва Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон занг зада, “куштори ду бародари озарӣ аз сӯйи пулиси русро” маҳкум ва ва онро ба мардуми ин кишвар таслият гуфт. Зеленский ва Алиев ҳамчунин ҳамкории минбадаро баррасӣ карданд.

Занги Зеленский ба Алиев дар авҷи таниш миёни Русия ва Озарбойҷон дар Маскав низ вокунишро ба амал овард.

Дмитрий Песков изҳор дошт, ки Киев кӯшиш дорад равобити Русия ва Озарбойҷонро ноором кунад. Песков гуфт, ки Украина "ҳама корро мекунад, то ба оташ равған резад ва Бокуро ба амалҳои эҳсосотӣ таҳрик диҳад" .

Мария Захарова, изҳор дошт, ки “ҳимояти Украина аз мавқеи Озарбойҷон дар ин моҷаро равшан нишон медиҳад, ки дар сард кардани муносибатҳои мо бо шарикони анъанавӣ кӣ манфиатдор аст”.

 

Лағви чорабиниҳо ва сафари муовини сарвазир

Дар пайи таниш, Озарбойҷон сафари ҳайати расмии худро ба Маскав ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Русияро дар қаламрави худ лағв кард.

Ҳамчунин, сафари Алексей Оверчук, муовини сарвазири Русия ба Бокуро бекор кард.

Кремл ин иқдомҳоро “таассуфовар” номид ва изҳор дошт, ки ба “амалиёти қонунӣ” набояд чунин вокуниш шавад ва ин боиси таниши равобит гардад.

Бояд гуфт, сардии равобит миёни Русия ва Озарбойҷон охири соли 2024 оғоз гардид. 25-уми декабри соли 2024, ҳавопаймои Embraer 190-и ширкати Azerbaijan Airlines, ки аз Боку ба Грозний парвоз мекард, дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард. Дар натиҷа, 38 нафар ҷон бохтанд ва 29 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Таҳқиқи ибтидоӣ нишон дод, ки ҳавопаймо дар фазои Русия аз ҷониби низоми дифоии ҳавоии Pantsir-S зада шудааст.

Он замон Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон, дар суқути ҳавопаймо Русияро гунаҳкор кард. Ӯ гуфт, ки Маскав кӯшиш дорад асли воқеаро пинҳон кунад.

Баъдтар Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Илҳом Алиев занг зад ва барои "ҳодисаи фоҷиавӣ" узр хост, аммо масъулият суқути ҳавопайморо эътироф накард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...