Дар Тоҷикистон ҳаққи ваколатнома барои идораи мошин ду баробар меафзояд

Дар Тоҷикистон ҳаққи ваколатнома оид ба ҳуқуқи истифода ва ё ихтиёрдорӣ (доверенность)-и мошин ду баробар афзоиш меёбад. Ин тағйиротро ҳукумати ҷумҳурӣ ба порлумон пешниҳод намуд ва Маҷлиси намояндагон онро пазируфт. Дар асоси лоиҳаи тағйирот ба Қонун “Дар бораи боҷи давлатӣ”, ин навгонӣ ба ҳамаи категорияҳои шаҳрвандон, аз ҷумла хешовандони наздик ва дигар шахсони воқеӣ ва […]

Дар Тоҷикистон ҳаққи ваколатнома оид ба ҳуқуқи истифода ва ё ихтиёрдорӣ (доверенность)-и мошин ду баробар афзоиш меёбад. Ин тағйиротро ҳукумати ҷумҳурӣ ба порлумон пешниҳод намуд ва Маҷлиси намояндагон онро пазируфт.

Дар асоси лоиҳаи тағйирот ба Қонун “Дар бораи боҷи давлатӣ”, ин навгонӣ ба ҳамаи категорияҳои шаҳрвандон, аз ҷумла хешовандони наздик ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, рабт дорад.

Тибқи лоиҳа, барои фарзанд, аз ҷумла фарзандхонда, ҳамсар ва падару модар, ҳаққи тасдиқи ваколатнома аз 25% нишондиҳанда барои ҳисобҳо то 50% нишондиҳанда барои ҳисобҳо афзоиш меёбад. Ин маънои онро дорад, ки хароҷот аз 18,75 сомонӣ ба 37,5 сомонӣ мерасад.

Барои бародар, хоҳар, набера, бобо ва бибӣ бошад, ҳаққи ваколатнома аз 50% нишондиҳанда барои ҳисобҳо то 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо афзоиш хоҳад ёфт, ки ин аз 37,5 сомонӣ ба 75 сомонӣ мерасад.

Барои дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ваколатномаи ҳуқуқи истифодаи мошинро тасдиқ мекунанд, ҳаққи хидмат аз дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо то чоркаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 150 сомонӣ ба 300 сомонӣ) боло бурда мешавад.

Ҳамчунин, барои ҳуқуқи ихтиёрдории мошин, ин пардохт аз 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо то 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 1 ҳозору 125 сомонӣ ба 2 ҳозору 250 сомонӣ) зиёд мегардад.

Лоиҳаи мазкурро рӯзи 29-уми май ҳукумат мақбул дониста, барои баррасӣ ба порлумон фиристод ва рӯзи 25-уми июн вакилони Маҷлиси намояндагон онро қабул карданд.

Пас аз қабули вакилони Маҷлиси олӣ ва имзо гузондани президенти кишвар, тағйирот дар матбуот чоп шуда, баъди ҳамаи ин марҳилаҳо, ба ҳукми амал медарояд.

Тибқи омори Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, ба ҳолати 1 марти соли 2024 дар кишвар расман зиёда аз 666 ҳазор воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки қариб ду баробар зиёдтар нисбат ба 10 соли пешин аст.

Аз ҷумла, тибқи маълумоти ин вазорат, шумори мошинҳои сабукрав дар кишвар ҳудуди 587 ҳазор ададро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.