Фонди саудии рушд барои сохтмони роҳи ҳалқавии Кӯлоб $30 млн дод

Фонди саудии рушд барои сохтмони роҳи ҳалқавии шаҳри Кӯлоб 30 миллион доллар ҷудо кардааст. Созишномаи лоиҳа миёни Фонди саудии рушд ва ва Вазорати молияи Тоҷикистон имрӯз, 3-юми июлба имзо расидааст. Дар ин бора аз Сафорати Арабистони Саудӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд. Роҳи ҳалқавии Кӯлоб 14,5 километр дарозӣ дорад, ки мувофиқи нақша бояд дар асоси стандарти […]

Фонди саудии рушд барои сохтмони роҳи ҳалқавии шаҳри Кӯлоб 30 миллион доллар ҷудо кардааст. Созишномаи лоиҳа миёни Фонди саудии рушд ва ва Вазорати молияи Тоҷикистон имрӯз, 3-юми июлба имзо расидааст.

Дар ин бора аз Сафорати Арабистони Саудӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Роҳи ҳалқавии Кӯлоб 14,5 километр дарозӣ дорад, ки мувофиқи нақша бояд дар асоси стандарти байналмилалии сохтмони роҳ сохта шавад. Роҳи мазкур дар шоҳроҳи байналмилалии Тоҷикистон – Чин ҷойгир аст ва “бинобар ин, дар рушди логистикаи минтақавӣ нақши муассирро иҷро карда, дар ин масир ҳаракати нақлиётро беҳтар менамояд”.

Гуфта мешавад, ки дар доираи лоиҳа сохтмони ду шоҳроҳ, ду пул, истгоҳи боркашии нақлиёти вазнин ва техникаи роҳсозӣ дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз, 3-юми июл Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни дидор бо Султон Абдурраҳмон ал-Маршад, раиси Фонди саудии рушд дар Душанбе бобати ҷудо кардани 130 миллион доллар барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” ва бунёди роҳи ҳалқавии шаҳри Кӯлоб сипосгузорӣ кард.

Ҷонибҳо ҳамчунин, масоили ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ кардаанд.

“Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Фонди Саудии Рушд барои маблағгузории лоиҳаҳои муҳими соҳаҳои маориф, нақлиёт, тандурустӣ, гидроэнергетика ва идоракунии об аз мавзӯъҳои муҳими мулоқот буд”, – гуфтааст хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.

Бояд гуфт, Фонди Саудии Рушд дар Тоҷикистон то имрӯз лоиҳаҳои бузургеро ба маблағи умумии 325 миллион доллар амалӣ намудааст ва роҳандозии тарҳи сохтмони “Роҳи ҳалқавии Кӯлоб” 14-ум лоиҳаи бузурги ин кишвар ба ҳисоб меравад.

Ёдовар мешавем, ки Фонди саудии рушд аз аввалин ниҳоди сармоягузории байналмилалӣ буд, ки барои сохтмони НБО "Роғун" 100 млн доллари қарзи бебозгашт дод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.