Корти бонкӣ барои кӯдак. Он дар Тоҷикистон кай пайдо мешавад?

Кортҳои бонкӣ имрӯз дар бисёр кишварҳо на танҳо барои калонсолон, балки барои кӯдакон низ дастрас аст. Ин пеш аз ҳама, ба кӯдакон ҷиҳати омӯхтани малакаҳои саводнокии молиявӣ ва усулҳои муосири пардохт ёрӣ мерасонад. Аз тарафи дигар, волидайн метавонанд дақиқ бидонанд, ки фарзандонашон чӣ қадар маблағ ва ба чӣ масраф мекунанд, ки ин бо пули нақд […]

Asia-Plus

Кортҳои бонкӣ имрӯз дар бисёр кишварҳо на танҳо барои калонсолон, балки барои кӯдакон низ дастрас аст. Ин пеш аз ҳама, ба кӯдакон ҷиҳати омӯхтани малакаҳои саводнокии молиявӣ ва усулҳои муосири пардохт ёрӣ мерасонад. Аз тарафи дигар, волидайн метавонанд дақиқ бидонанд, ки фарзандонашон чӣ қадар маблағ ва ба чӣ масраф мекунанд, ки ин бо пули нақд имкон надорад.

"Азия-Плюс" тасмим гирифт бифаҳмад, ки оё ин корт дар кишвари мо ҳам пайдо мешавад, зеро дар кишварҳои ҳамсоя аллакай роҳандозӣ шудааст.

Тавре ба "Азия-Плюс" аз Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар доданд, ҳоло дар кишвар талаботи кофӣ ба кортҳои бонкӣ барои кӯдакон нест. Бо вуҷуди ин, бонкҳои низомсоз самтҳои нав, аз ҷумла пешниҳоди ин навъи маҳсулотро мавриди омӯзиш қарор додаанд.

Муҳлати дақиқи роҳандозии ин хидматрасонӣ ҳоло маълум нест, зеро, ба гуфтаи масъулони бонк, барои ба роҳ мондани пешниҳоди чунин маҳсулот таҳияҳои иловагӣ, ҳамгироии техникии системаҳо ва такмил додани барномаҳои мобилӣ (монанди функсияи назорат аз ҷониби волидайн, маҳдудиятҳо) ва ғайра заруранд.

Дар сурати ба роҳ мондани кортҳои бонкӣ барои кӯдакон, бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ, ҳатман маҳдудиятҳо аз ҷумла маҳдудиятҳо барои пур кардани корт (гузаронидани маблағ), анҷом додани пардохт, интиқоли маблағҳо, манъҳо ва инчунин имкони назорати мустақими волидайн ҷорӣ мегарданд,

 

Аз чандсолагӣ кӯдакон метавонанд соҳиби корти бонкӣ шаванд?

Айни ҳол тибқи қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон, синни ҳадди ақалл барои дарёфти кортҳои пластикӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ 18 сол муайян шудааст. Дар сурати роҳандозии эҳтимолии кортҳои бонкӣ барои кӯдакон, маҳдудиятҳои синнусолӣ бозбинӣ шуда, дар қонунгузории кишвар зикр мешаванд.

 

Масъала вақт тақозо мекунад

Худи бонкҳои тиҷоратии дохилӣ низ аллакай ба фикри чунин маҳсулот афтодаанд. Ба гуфтаи мудир (менеҷер)-и маҳсулотии "Алиф Бонк" Хушнуд Ибодуллоев, ин навъи хизматрасонӣ ҳам аҳамияти иҷтимоӣ ва ҳам стратегӣ дорад. Вале барои роҳандозии кортҳои бонкӣ барои кӯдакон вақт лозим аст.

"Ин як қадами муҳим ба самтест, ки насли нав аз овони кӯдакӣ асосҳои саводи молиявиро омӯзад ва истифодаи бехатари абзорҳо (воситаҳо)-и рақамиро ёд бигирад. Аммо айни замон самти афзалиятноки мо рушд дар бахши калонсолон аст, ки ҳанӯз имкониятҳои бузург дорад: сатҳи паҳншавии кортҳои бонкӣ дар байни онҳо паст боқӣ мемонад — ҳамагӣ 25-30% бо шумули кортҳо барои дарёфти маош ва нафақа", — мегӯяд Ибодуллоев.

Дар бонк ҳамчунин таъкид карданд, ки дар сурати пайдо шудани ташаббусҳои расмӣ барои рушди маҳсулоти молиявии кӯдакона дар оянда, "Алиф" барои дастгирӣ аз онҳо ва "гузоштани саҳми худ ба рушди фарҳанги истеъмоли оқилона аз синни хурдсолӣ" омода аст.

Дар дигар бонкҳои Тоҷикистон низ ҳоло кортҳо барои кӯдакон роҳандозӣ нашудаанд.

Тавре ки роҳбари шуъбаи маркетинги "Бонки Эсхата" Фурқат Исматуллоев тавзеҳ дод, роҳандозии кортҳои бонкӣ барои кӯдакон раванди душвор, вале барои бонкҳои Тоҷикистон бисёр муҳим аст.

"Мушкилоти асосӣ дар таъмини амният ва ҳамоҳангсозии корти кӯдак бо ҳисоби бонкии волидон аст. Таҳияи платформаи худӣ кори заҳматталаб ва гаронарзиш мебошад, бинобар ин, роҳи оқилонатарин харидории воситаи ҳалли омода аз низомҳои байнулмилалии пардохт, ба монанди Visa ё Mastercard мемонад.

Пешбурди кортҳои кӯдакона тариқи воситаҳои маъмули бозорёбӣ самараи кам дорад. Стратегияҳои махсуси иртиботӣ ва маркетингӣ заруранд, ки ба ташаккули талабот ва ҷалби ҳам волидайн ва ҳам кӯдакон равона шудаанд. Бо вуҷуди ин, муҳим будани ин самт возеҳ аст: оянда аз ҷавонон аст. Саводи молиявӣ бояд аз овони кӯдакӣ ташаккул ёбад, то оянда муштариёни мо огоҳ ва омодашуда бошанд", — таъкид намуд ӯ.

 

Фоидаи асосии кортҳои бонкӣ барои кӯдакон дар чист?

Муҳимтарин аз ҳама омӯзиши саводи молиявӣ аст. Ба ин тариқ, кӯдакон назорати пулҳои худ, пасандоз ва истифодаи оқилонаи онҳоро меомӯзанд. Ғайр аз ин, агар корт гум шавад, метавон онро фавран масдуд (қатъ) ва бо ин роҳ маблағро эмин нигоҳ дошт. Барномаи мобилӣ ё бонкии онлайн имкон медиҳад, ки хароҷот назорат ва маҳдудиятҳо (лимитҳо) муқаррар карда шаванд.

 

Дар кадом кишварҳои минтақа чунин кортҳо ҳастанд?

Дар Қазоқистон 8 бонк кортҳо барои кӯдаконро пешниҳод мекунанд: "Freedom Банк", 2Halyk Bank", "Банк ЦентрКредит", "Forte Bank", "Kaspi", "Jusan", "Altyn Bank" ва "RBK". Дар баъзеи онҳо кортро метавон аз 5-солагӣ ва бисёре аз онҳоро – аз 6-солагӣ гирифтан мумкин аст. Қариб ҳар кадоме аз онҳо кэшбэк пешниҳод намуда, фоизи онҳо дар ҳама гуногун аст. Волидайн дар навбати худ, бо идоракунии маблаҳо аз корт тариқи замимаи бонк метавонанд хароҷоти кӯдакро маҳдуд созанд.

Дар Ӯзбекистон низ  дар якчанд бонк, аз ҷумла "Anorbank", "Kapitalbank", "Garant bank" метавон корт барои кӯдакон дарёфт кард.

Дар бонкҳои "Бай-Тушум", "Mbank", "ДосКредоБанк"-и Қирғизистон барои кӯдакон кортҳои махсус медиҳанд.

Дар дигар бонкҳо корти одии дебетӣ ба номи яке аз волидон кушодан мумкин аст, лекин дар он ному насаби кӯдак зикр мешавад. Ба ному насаби худи кӯдак боз кардани корт тибқи қонуни кишвар аз 16-солагӣ мумкин аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.