Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар нишасти СҲИ ба Озарбойҷон рафт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар 17-умин ҷаласаи сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ) субҳи имрӯз, 4-уми июл ба Озарбойҷон сафар кард. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раисҷумҳур, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни раисҷумҳур дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва масъалаҳои иқтисодӣ, вазирони рушди иқтисод, нақлиёт ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Нишасти сарони […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар 17-умин ҷаласаи сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ) субҳи имрӯз, 4-уми июл ба Озарбойҷон сафар кард.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раисҷумҳур, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни раисҷумҳур дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва масъалаҳои иқтисодӣ, вазирони рушди иқтисод, нақлиёт ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Нишасти сарони кишварҳои узви СҲИ имрӯз дар шаҳри Хонкендии Озарбойҷон баргузор мешавад. Мавзӯи умумии ҳамоиш "Нигоҳи нави СҲИ барои ояндаи боэътимод ва ба иқлим устувор" гуфта мешавад.

Интизор меравад, дар ин ҳамоиш сарони давлат ва ҳукуматҳои Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Туркия, Афғонистон ва Туркманистон ширкат кунанд.

Ҷонибҳо чораҳои андешидаи кишварҳои узвро барои пешгирӣ аз тағйири иқлимро баррасӣ хоҳанд кард.

Дар ин ҳамоиш ҳамчунин, масоили марбут ба тиҷорати минтақавӣ, энержӣ, нақлиёт, рушди устувор ва фарогири иҷтимоӣ баррасӣ мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.