Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ – суҳбатгоҳҳои буддоӣ кашф ва таҳқиқ шудааст, ки ба асрҳои 7-8 мелодӣ нисбат дода мешаванд. Ин кор аз сӯи мутахассисони Оҷонсии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангии Тоҷикистон анҷом шудааст.
Ба гуфтаи масъулини ин ниҳод, яке аз ин ёдгориҳои тозакашфи бостонӣ 3 метр паҳноӣ ва 9 метр дарозӣ ва дигараш 3 метр паҳноӣ ва 6 метр дарозӣ дорад.
Манбаъ гуфтааст, ки ин ёдгориҳо бо усули меъмории миллӣ, яъне гумбазӣ сохта шудаанд.
Ёдгориҳои мазкур ҳангоми азнавбақдгирии ёдгориҳои таърихиву фарҳангии мамлакат барои таҳияи Феҳристи давлатӣ дар таҳрири нав кашф ва таҳқиқ гардида, кор дар ин замина идома дорад.


