“Муҳоҷирати ғайриқонуӣ зиёд аст”. Литва мехоҳад маркази раводид дар Тоҷикистонро бандад

Раёсати муҳоҷирати Литва пешниҳод кардааст, ки маркази хизматрасонии берунаи раводид дар Тоҷикистон баста шавад. Дар ҳамин марказ шаҳрвандон метавонанд барои гирифтани иҷозаи кор ва иқомати муваққат дар Литва ариза диҳанд. Раёсат тавсия додааст, ки ин марказ то тирамоҳ баста шавад. Ба иттилои ин ниҳод, то оғози моҳи июн тақрибан 6250 шаҳрванди Тоҷикистон дар Литва иҷозаи […]

Asia-Plus

Раёсати муҳоҷирати Литва пешниҳод кардааст, ки маркази хизматрасонии берунаи раводид дар Тоҷикистон баста шавад. Дар ҳамин марказ шаҳрвандон метавонанд барои гирифтани иҷозаи кор ва иқомати муваққат дар Литва ариза диҳанд. Раёсат тавсия додааст, ки ин марказ то тирамоҳ баста шавад.

Ба иттилои ин ниҳод, то оғози моҳи июн тақрибан 6250 шаҳрванди Тоҷикистон дар Литва иҷозаи иқомати муваққат доштанд. Раиси Раёсати муҳоҷирати Литва, Эвелина Гудзинскайте, гуфтааст, ки баъди анҷоми муҳлати иқомати муваққат, бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишвар ғайриқонунӣ боқӣ мемонанд.

“Агар ба омор нигарем, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки сари вақт кишварро тарк намекунанд ва нисбати онҳо бояд қарор дар бораи берункунӣ содир шавад, ба таври нисбӣ аз шаҳрвандони, масалан, Ӯзбекистон бештар аст”, — гуфтааст ӯ.

Ба гуфтаи Гудзинскайте, шаҳрвандони Тоҷикистон баъзан тавассути сарҳади Беларус ва Литва низ кӯшиш мекунанд ғайриқонунӣ вориди қаламрави Литва шаванд.

Мақомоти расмии Тоҷикистон то ҳол дар робита ба ин мавзӯъ изҳори назар накардаанд ва шарҳ надодаанд.

Дар Тоҷикистон сафорати Литва вуҷуд надорад. Масоили дипломатӣ ва консулгарии марбут ба Литва тавассути сафорати ин кишвар дар Қазоқистон ҳал мешаванд. Шаҳрвандони Тоҷикистон барои гирифтани виза ва иҷозаи иқомат ҳуҷҷатҳои худро тавассути маркази визавии VFS Global (шарики расмии сафорати Литва) дар шаҳри Душанбе пешниҳод мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.