Ширкатҳои мобилӣ инфорасохторашонро азнавсозӣ мекунанд

Хадамоти алоқаи кишвар дар якҷоягӣ бо ширкатҳои мобилӣ дар доираи сафари расонаӣ як гурӯҳи рӯзноманигонро ба вилояти Суғд бурд. Дар ин сафар журналистон бо фаъолияти пойгоҳҳои мавҷпаҳнкунанда, ширкатҳои мобилӣ ва маконҳои таърихиву сайёҳии шаҳрҳои Хуҷанд, Исравшан ва Панҷакент дидан карданд. Ин сафар аз 26-28-уми июн идома ёфт. Аввал рӯзноманигорон аз дастовардҳои ширкатҳои мобилӣ дар шаҳри […]

Эмомалӣ Сайидзод, Asia-Plus

Хадамоти алоқаи кишвар дар якҷоягӣ бо ширкатҳои мобилӣ дар доираи сафари расонаӣ як гурӯҳи рӯзноманигонро ба вилояти Суғд бурд. Дар ин сафар журналистон бо фаъолияти пойгоҳҳои мавҷпаҳнкунанда, ширкатҳои мобилӣ ва маконҳои таърихиву сайёҳии шаҳрҳои Хуҷанд, Исравшан ва Панҷакент дидан карданд.

Ин сафар аз 26-28-уми июн идома ёфт. Аввал рӯзноманигорон аз дастовардҳои ширкатҳои мобилӣ дар шаҳри Панҷакент дидан карданд. Дар ин шаҳр барои таъмини мардум бо Интернети балансуръат базаҳои тақсимкунандаи мавҷ насб шудааст.

Ҳамчунин, аз дафтари корӣ ва рафти фаъолияти ширкатҳои “МегаФон Тоҷикистон”, ZET-Mobile, Tcell ва “Вавилон Мобайл” дар марказҳои шаҳр низ дидан намуданд.

Журналистон дар шаҳри Хуҷанд аз ягона пойгоҳи мавҷтақсимкунанда 5G ки ба ширкати ZET-Mobile тааллуқ дорад, дидан карданд.

 

Дафтари кории ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар маркази шаҳр нуқтаи дигари боздиди руӯзноманигорон буд.

Рӯзноманигорон инчунин, ба маркази тамоси ширкати Tcell, ки ба муштариён дар тамоми кишвар хидмат мерасонад, низ ворид шуданд. Инҷо намояндагони ширкат дар се баст ва ба таври шабонарӯзӣ ба мушкили муштариён раисдагӣ мекунанд.

Бодя гуфт, ки ҳадаф аз баргузории ин сафар шинос шудан бо фаъолияти ширкатҳои мобилӣ ва маконҳои сайёҳиву мавзеъҳои таърихии вилояти Суғд буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.