Мулоқот бо Рустами Эмомалӣ, иштирок дар барномаи “Шоми дӯстӣ” ва боздид аз намоишгоҳу форум. Идомаи сафари Содир Жапаров ба Тоҷикистон

Субҳи имрӯз, 9-уми июл Содир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон, ки бо як сафари давлатии дурӯза дар Тоҷикистон ҳузур дорад, бо Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе мулоқот кардааст. Тавре дафтари матбуотии Маҷлиси миллӣ хабар медиҳад, дар мулоқот, ки дар бинои нави парлумони Тоҷикистон сурат гирифт, “вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, аз […]

Субҳи имрӯз, 9-уми июл Содир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон, ки бо як сафари давлатии дурӯза дар Тоҷикистон ҳузур дорад, бо Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе мулоқот кардааст.

Тавре дафтари матбуотии Маҷлиси миллӣ хабар медиҳад, дар мулоқот, ки дар бинои нави парлумони Тоҷикистон сурат гирифт, “вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтааст”.

Имрӯз, Садир Жапаров бо Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон низ мулоқот кард.

Ҳамчунин, Содир Жапаров дирӯз, 8-уми июл дар рӯзи якуми сафараш баъди мулоқоти расмӣ ва имзои чанд санади ҳамкорӣ, ҳамроҳи Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми иқтисодии ду кишвар, барномаи фарҳангии “Дӯстии абадӣ” иштирок намуда, аз намоишгоҳи молу маҳсулоти Тоҷикистон ва Қирғизистон ва бӯстонсарои шаҳрии ҳукумати Тоҷикистон боздид кард.

 

Иштирок дар Форуми иқтисодии Тоҷикистону Қирғизистон

Сарони ду кишвар дар Форуми иқтисодии Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳузури соҳибкорону сармоягузорони ду кишвар дар робита ба афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистону Қирғизистон ва дигар масоили марбут ба иқтисод суханронӣ кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон созишномаҳоеро, ки дирӯз байни ду кишвар ба имзо расиданд, заминаи устувор барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои ду кишвар бар асоси меъёрҳои ҳамсоягии нек ва дӯстии устувор унвон додааст.

Ҳамчунин ӯ ба иқтидори зиёди табиии Тоҷикистон ва фазои мусоиди сармоягузорӣ дар кишвар ишора карда, мавҷуд будани имтиёзҳо ва кафолатҳои ҳуқуқӣ дар қонунгузориро барои ҳифзи соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ таъкид намудааст.

“Тоҷикистону Қирғизистон метавонанд ҳамкории судмандро дар соҳаи гидроэнергетика рушд диҳанд. Захираҳои бузурги “энергетикаи сабз”-и ҷонибҳо метавонад ба манфиатҳои на танҳо ду кишвар, балки тамоми минтақа хизмат кунанд”, – изҳор доштааст Эмомалӣ раҳмон.

Ҳамчунин масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту логистика, кишоварзӣ, бахшҳои молия ва бонкӣ, пеш бурдани сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ ва солимгардонӣ баррасӣ шудааст.

 

Боздид аз Намоишгоҳи молу маҳсулот ва Бӯстонсарои шаҳрӣ

Дар идома раисҷумҳурҳои ду кишвар аз Намоишгоҳи молу маҳсулоти Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки дар маркази “ЭСКПО”-и Душанбе баргузор гардид, боздид кардаанд. Онҳо зимни боздид аз маҳсулоти истеҳсоли ширкатҳои саноатии ду кишвар бо соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Қирғизистон мулоқот карда, ба роҳ мондани равобити зичи ҳамкориро бо ҳамтоёни худ таъкид намудаанд.

Дар идомаи рӯз Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров аз Бӯстонсарои шаҳрии ҳукумати Тоҷикистон дидан кардаанд.

Сарони ду кишвар дар Бӯстонсаро намоишгоҳи маҳсулоти тару тозаро, ки навъҳои мухталифи маҳсулоти кишоварзӣ дар роҳравҳои алоҳида бо шаклу услуби хос оро ёфта буданд, тамошо кардаанд.

 

Иштирок дар барномаи фарҳангии “Дӯстии абадӣ

Дар поёни рӯз, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров дар барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар толори Кохи Борбад бо унвони “Дӯстии абадӣ” баргузор шуд, иштирок кардаанд.

Дар шоми мусиқӣ аҳли фарҳангу санъати ду кишвар барномаи рангин, ки тараннумгари дӯстии ду халқ будааст, намоиш додаанд.

Ёдрас мешавем, ки сафари давлатии содир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон ба Тоҷикистон имрӯз ба анҷом мерасад. Ӯ дирӯз ба Тоҷикистон омад ва дар Қасри миллат бо Эмомалӣ рамон мулоқот намуда, як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид.  Онҳо ба таври маҷозӣ гузаргоҳи сарҳадии “Тоҷварон – Қарамиқ”-ро дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон боз карданд.

Баъди ҳалли баҳсҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар солҳои гуногун боиси муноқишаҳо ва изтиробу ташвиши сокинон гардида буд, муносибатҳои ду кишвар рӯ ба гармӣ ниҳод.

Баъди қариб чаҳор соли баста будани сарҳад, моҳи марти соли 2025 миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон созишнома оид ба сарҳад имзо шуд ва бо ҳамин ба баҳси ҳалношудаи марзӣ байни ду кишвар нуқта гузошта шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.