Тоҷикистону вилояти Свердловск ният доранд, коркарди муштараки сурмаро роҳандозӣ кунанд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Масъалаи роҳандозии истеҳсоли муштараки маҳсулот аз сурма дар вохӯрии Шералӣ Кабир, вазири саноати Тоҷикистон бо иҷрокунандаи вазифаи волӣ (губернатор)-и вилояти Свердлолвск Денис Паталер баррасӣ шудааст.

Ин вохӯрӣ дар ҳошияи Намоишгоҳи XV байнулмилалии саноатии “ИННОПРОМ”, ки аз 7 то 10 июл дар Екатеринбург баргузор гашт

Зикр гардид, ки корхонаҳои вилояти Свердловски Русия ният доранд, ки барои таъмиру навсозӣ ба ншооти энергетикии Тоҷикистон  таҷҳизоти муосир диҳанд. 

Дар чаҳорчӯби гуфтушунидҳо ҷонибҳо нияти таҳкими ҳамкориҳои мутақобилаи тиҷоративу иҷтисодӣ ва саноатиро тасдиқ намуда, ба лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика, зерсохтори барқу об ва истеҳсолот таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Иштироки корхонаҳои Урал дар таъмиру навсозии иншооти энергетикии Тоҷикистон аз мавзӯҳои асосии суҳбат буд.

Ба гуфтаи Денис Паслер, ширкатҳои вилояти Свердловск аллакай дар бозори Тоҷикистон фаъолият дошта, ба интиқоли таҷҳизоти муосир ва бунёди зерсохтори зарурӣ барои он машғуланд.

Зимни вохӯрӣ ҳамчунин масъалаи роҳандозии истеҳсолоти муштараки маҳсулот аз сурма – фулузот (металл)-и нодири дорои аҳаммияти стратегӣ баррасӣ шуд.

Тавре таъкид шуд, ин лоиҳа метавонад ба муҳаррики ҳамгироии иқтисодӣ табдил ёфта, ҷиҳати роҳ ёфтан ба бозори хориҷа бо маҳсулоти рақобатпазир имкон фароҳам орад.

Тавсеъаи интиқоли маснуоти саноати сабук, сабзавоту мева аз Тоҷикистон ба вилояти Свердловск мавриди баррасии алоҳида қарор гирифт. Чунин ҳамкорӣ натанҳо ба таъмини бозори минтақаи Урал бо маҳсулоти тару тоза, балки дастгирии истеҳсолкунандагон тоҷик имкон дода, ба таҳкими робитаҳои башардӯстона ва иқтисодӣ мусоидат мекунад.

Қобили зикр аст, ки байни вилояти Свердловск ва Тоҷикистон аз соли 2004 созишнома дар бораи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ амал мекунад. Ғайр аз ин, бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон нақшаи ҷудогонаи чорабиниҳо амалӣ мешавад, ки самтҳои стратегии ҳамкории мутақобиларо дар бар мегирад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...