Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 июли соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ РӮЗИ 10 ИЮЛ

– Имрӯз ширкати ҳавопаймоии "Varesh Airlines" парвозҳои мустақимро дар масири Душанбе-Теҳрон-Душанбе баъди таваққуфи қариб якмоҳа дубора барқарор мекунад. Ин ширкат ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои панҷшанбе ва якшанбе аз Душанбе ба Теҳрон ва баръакс парвозҳо ба нақша гирифтааст.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 10 ИЮЛ

Соли 1949 – Дар деҳаи Ҳоити ноҳияи Рашти Тоҷикистон заминларза рух дод, ки дар пайи он 12 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд. Он даҳшатноктарин заминҷумбӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, бузургии он баробар бо 7,4 дар миқёси Рихтер буд.

Соли 2009 – Дар даромадгоҳи деҳаи Ҳоити ноҳияи Рашт ба хотири шаҳидони заминларзаи соли 1949 ёдгории таърихии муҷассамаи “Модар” ифтитоҳ ёфт.

Соли 2012 – Ширкати “Тоҷик-Эйр” нахустин парвози худро дар масири Душанбе–Боку–Душанбе анҷом дод.

Соли 2017 – Нуриддин Саид, вазири вақти маориф ва илми Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ изҳор кард, ки аз соли 2020 мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба низоми таълими 12-сола гузашта, ин ҷараён тадриҷан ва дар муддати чандин сол сурат хоҳад гирифт. Аммо бо гузашти 5 сол чунин тағйирот дар низоми таҳсил роҳандозӣ нагардидааст.

Соли 2018 – Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси Шӯрои нозирон дар ширкати ҳавонавардии “Тоҷик Эйр” қарор ба имзо расонид.

Соли 2018 – Гурӯҳи кӯҳнавардони тоҷик дар қуллаи "Карл Маркс" дар Помир парчами Тоҷикистонро насб карданд.

Соли 2020 – Дар шаҳри Душанбе дуюмин роҳи сесатҳа дар минтақаи маъруф ба "Қарияи боло" ба истифода дода шуд ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаҳои ғарбии пойтахт, ки аз моҳи феврали соли 2018 баста буд, пурра барқарор шуд.

Соли 2023 – Додгоҳи шаҳри Ваҳдат Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои зиндонии тоҷикро бо ҷурми нави “қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон” ба даҳ соли дигари зиндон маҳкум кард.

Бузургмеҳр Ёров яке аз вакилони дифои саршиноси тоҷик аст, ки аз соли 2015 ба ин сӯ дар маҳбас қарор дорад. Ӯро қаблан, барои “қаллобӣ”, “сохтакорӣ”, “таҳқири намояндаи ҳокимият ва беэҳтиромӣ нисбат ба суд” гунаҳкор ва ба 28 соли зиндон маҳкум карда буданд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1914 – Зодрӯзи Муҳаммадқул Нарзиқулов, доктори илмҳои биологӣ, профессор.

Соли 1926 – Мавлуди Иброҳим Кобулиев, Ҳофизи халқии Тоҷикистони шӯравӣ.

Соли 1941 – Зодрӯзи Эргашбой Муҳаммадиев, риёзидони тоҷик, доктори илмҳои физика ва математика.

Соли 1945 – Зодрӯзи Ваҳҳоб Бобоҷонов, доктори илмҳои биология, профессор.

Соли 1948 – Мавлуди Раҳматулло Абдураҳмонов,  наққоши тоҷик, Арбоби ҳунари Тоҷикистон.

Соли 1953 – Зодрӯзи Субҳон Кошонов, рӯзноманигори тоҷик, раиси пешини иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – “Пайванд”.

Субҳон Кошонов қаблан сардабирии “Ҷумҳурият” – нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт ва аз моҳи феврали соли 2014 то лаҳзаи марг – соли 2020 раиси иҷроияи ҷамъияти “Пайванд” шуд.

Субҳон Кошонов рӯзи 22-уми январи соли 2020 аз олам чашм пӯшид.

Соли 1958 – Мавлуди Сайфиддин Мирзозода, забоншиноси тоҷик, муҳаққиқи забони яғнобӣ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сайфиддин Мирзозода

Сайфиддин Мирзозода муҳаққиқи забони яғнобӣ ва муаллифи китобу дастурҳои таълимӣ оид ба забони яғнобӣ буда, худ зодаи Яғнобдара аст.

Овони ҷавонӣ ӯ яке аз беҳтарин варзишгарон дониста шуда, дар чандин мусобиқоти баналмилалӣ ҷоиза низ ба даст овардааст. Ӯ хатмкардаи бахши форсии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, баъди хатми донишгоҳ барои кор ба Ҳироти Афғонистон фиристода шудааст.

Сайфиддин Мирзоев барои ҳифзи забони модарии худ рисолаи номзадӣ ҳимоя карда, китоби дарсӣ, луғатҳои дузабона ва сезабона таҳия кардааст. Ӯ дар бораи забон, фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Яғноб беш аз сад мақолаи илмӣ ва оммавӣ навишта, муаллифи китобҳои дарсии “Забони яғнобӣ барои синфи 2”, “Китоби хониш барои синфи 3”, “Фарҳанги забони яғнобӣ”, “Фарҳанги манбаъҳои забонҳо ва лаҳҷаҳои эронии Тоҷикистон” мебошад.

Ӯ як муддат дар Италия забони яғнобиро таълим дод. Дар дарсҳои ӯ донишҷӯён, магистрантон ва ҳатто профессорон аз тамоми Аврупо иштирок мекардаанд.

Пиромуни ин муҳаққиқи тоҷик ва талошҳои ӯ барои ҳифзи забону фарҳанги яғнобӣ дар матлаби мо бо унвони "Чӣ гуна метавон забони яғнобиро ҳифз кард?" мутолиа кунед.

Соли 1959 – Зодрӯзи Аъзами Яздонӣ, адабиётшиноси тоҷик.

Соли 1989 – Мавлуди Аҳмад Масъуд, сиёсатмадори тоҷиктабори афғонистонӣ, писари Аҳмадшоҳи Масъуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Аҳмад Масъуд

Аҳмад Масъуд писар ва вориси фармондеҳи саҳроӣ Аҳмадшоҳи Масъуд аст, ки бо муборизаи муваффақонаи худ аввал бо сарбозони шӯравӣ ва сипас бо “Толибон” маъруф гардид. Ӯ зодаи вилояти Тахор буда, кафедраи омӯзиши низомии Коллеҷи салтанатии Лондонро хатм кардааст.

Соли 2016 Аҳмад Масъуд ба Афғонистон баргашт ва мудири Бунёди Масъуд таъйин шуд. Аз моҳи марти соли 2019 расман ба сиёсат ворид шуд.

Соли 2021 ӯ дар пасманзари пешрафтҳои низомии "Толибон" дар шимоли Афғонистон ва суқуати ҳукумати пешини ин кишвар, дар дараи Панҷшер, зодгоҳаш "Ҷабҳаи муқовимати миллӣ"-ро таъсис дод ва то ҳол ошкору инҳон бар зидди ҳукумати "Толибон" меҷангад.

Соли 1968 – Зодрӯзи Ҳасан Асадуллозода, роҳбари “Ориёнбанк”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҳасан Асадуллозода

Номи Ҳасан Асадуллозода сар аз ибтидои солҳои 2000-ум, хоса пас аз таъин шуданаш дар Биржаи молу ашёи хоми Тоҷикистон (соли 2001) машҳур гашт. Гуфта мешавад ӯ аз рӯи ихтисос иқтисодчӣ буда, қаблан дар Қӯрғонтеппаи собиқ тиҷорат доштааст.

Баъдан, "Ориёнбонк"-ро таъсис дод ва то ҳол роҳбари он аст.

Ӯ дар доираҳои сиёсӣ ва тиҷоратӣ як шахсияти шинохта ва таъсирасон мебошад.

Дар бораи рӯзгор ва фаъолияти Ҳасан Асадуллозода дар матлаби "Азия-Плюс" бо номи "Ҳасан Асадуллозода: аз А то Я" мутолиа кунед.

Соли 2021 – Қурбоналӣ Раҳмон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дар 66-солагӣ аз олам даргузашт.

МЕДИА (YOUTUBE)

Қурбоналӣ Раҳмонов хатмкардаи Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон буда, давоми фаъолияти қариб чилсолаи худ аз мероси халқ ва осори шуарои пешину муосир таронаҳои зиёде сурудааст, ки ӯро ба унвони яке аз бозёфтҳои санъати тоҷик муаррифӣ кардаанд.

Ӯ чанд соли охири рӯзгори хеш барномаҳои тозаэҷодеро аз осори бузургони адаб, чун Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Ҳофиз, Бедил, Иқбол, Лоҳутӣ таҳия кардааст. Таҳти роҳбарии ӯ ансамблҳои “Чашма” ва “Сомон” дар ҷашнвораҳои байналхалқии мусиқӣ соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд.

Қурбоналӣ Раҳмон дар гузашта ҳамчунин директори Хонаи маданияти ноҳияи Восеъ, роҳбари бадеии ансамбли тарона ва рақси хоҷагии ба номи Ленини н. Восеъ ва роҳбари бадеии ансамбли тарона ва рақси “Сомон”-и назди Вазорати фарҳанги Тоҷикистон буд.

Қурбоналӣ Раҳмон дар сини 67 солагӣ бо аломатҳои бемории "COVID-19" даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

10-уми июли соли 1962 дар Амрико моҳвораи иртиботии “Telstar-1” ба фазо партоб шуд. Ин моҳвора намуди курашакл дошт ва қутраш 88 сантиметрро ташкил медод. Он бо истифода аз 3600 ҳуҷайраи офтобӣ нерӯи лозимаро таъмин намуда, имкони интиқоли паёмҳои телевизионӣ, телефонӣ, телеграфӣ ва радиоиро дар саросари ҷаҳон фароҳам овард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Моҳвора бори аввал робитаи мустақими телефонӣ байни раиси Шӯрои директорони ширкати "American Telephone and Telegraph" (AT&T) Фред Каппел ва ноиби онвақтаи президенти ИМА Линдон Ҷонсонро таъмин кард.

Гарчанде ки “Telstar-1” дар мадор ҳамагӣ 7 моҳ фаъол буд ва моҳи феврали соли 1963 аз фаъолият бозмонд, дар ин муддати кӯтоҳ ӯ тавонист пахши мустақими бозии бейсбол, консертҳо, гузоришҳо аз Намоишгоҳи ҷаҳонии Сиэтл ва нишастҳои матбуотии президентро таъмин намояд. Ин моҳвора табодули пахши телевизиониро байни ИМА ва 16 кишвари аврупоӣ ба роҳ монд ва дар таърихи иртиботи байналмилалӣ нақши калидӣ бозид.

10-уми июли соли 1934 дар Иттиҳоди Шӯравӣ Комиссариати халқии корҳои дохилӣ таъсис ёфт. Ин ниҳод дорои сохторҳои гуногун, аз ҷумла идораҳои амнияти давлатӣ, қӯшунҳои сарҳадӣ ва дохилӣ, хадамоти оташнишонӣ ва низомҳои назорати лагерҳои меҳнатии ислоҳӣ ва маҳалҳои маҳрумият аз озодӣ буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар он шӯрои махсусе таъсис ёфта буд, ки ба таври маъмурӣ метавонист ҳатто бидуни мурофиаи додгоҳӣ одамонро ҳабс ва бадарға кунад. Маҳз дар асоси қарорҳои ин шӯро садҳо сокинон бе ҷинояти собит ба ҷазои қатл маҳкум гардиданд. Аксар вақт танҳо як номаи шикоятӣ барои боздошти як шахс кифоя буд.

Соли 1946 ин ниҳод ба ду ниҳоди алоҳида – Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати амнияти давлатӣ тақсим карда шуд.

10-уми июли соли 1878 дар Англия як рӯйдоди ҷолибе дар таърихи футбол сабт гардид. Бори аввал дар майдони футбол довар аз ҳуштак истифода кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Гарчанде ки доварон бори аввал соли 1873 дар бозии футбол иштирок карданд, то соли 1878 истифодаи ҳуштак маъмул набуд. Он вақт довариро асосан ба ҳаваскорони соҳа, нафароне месупориданд, ки футболро дӯст медоштанд ва барои доварӣ музд намегирифтанд. Бовар доштанд, ки дӯстдори самимии футбол нисбат ба довари касбӣ корро беҳтар анҷом медиҳад. Аз ҷумла, нависандаи шинохта Артур Конан Дойл низ замоне довари футбол будааст.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 10 ИЮЛИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои водибуда, борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 30+35º гарм дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 17+22º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, гарду ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 33+38º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 17+22º гарм, рӯзона 28+33º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, гарду ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 33+38º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17º гарм, рӯзона 27+32º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат борида, дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 13+18º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 21+23º гарм, рӯзона 23+28º гарм дар баъзе ноҳияҳо то 32+34º гарм, дар шарқи вилоят шабона 5+10º гарм, рӯзона 16+21º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона бебориш буда, шабона борони кутоҳмуддат меборад. Гарду ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 32+34º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои  тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, баъзан борони кутоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 29+31º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 34+36º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 25+27º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...