Аз либосу паҳпод то чархбол. Дар намоишгоҳи маҳсулоти нассоҷӣ ва дигар молҳои Тоҷикистону Қирғизистон чӣ ба маъраз гузошта шуд?

Рӯзҳои 9-10 июл дар Душанбе дар доираи Форуми байнулмилалии нассоҷӣ намоишгоҳи таҷҳизоти нассоҷӣ ва маҳсулоти корхонаҳои саноатии Тоҷикистону Қирғизистон мегузарад. Дар намоишгоҳ маҳсулоти саноати сабук, мудофиа, ангишт, кимиё, хӯрокворӣ ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Намояндагони ширкатҳо имкон доранд, ки бо шарикони худ аз минтақа ҳамкориҳои нав роҳандозӣ намоянд. Намоишгоҳ дар «ЭКСПО Центре»-и пойтахт […]

Рӯзҳои 9-10 июл дар Душанбе дар доираи Форуми байнулмилалии нассоҷӣ намоишгоҳи таҷҳизоти нассоҷӣ ва маҳсулоти корхонаҳои саноатии Тоҷикистону Қирғизистон мегузарад. Дар намоишгоҳ маҳсулоти саноати сабук, мудофиа, ангишт, кимиё, хӯрокворӣ ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Намояндагони ширкатҳо имкон доранд, ки бо шарикони худ аз минтақа ҳамкориҳои нав роҳандозӣ намоянд.

Намоишгоҳ дар «ЭКСПО Центре»-и пойтахт ҷараён дорад. Он бо ибтикори Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон ташкил шудааст.

Рӯзи 8 июл сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров аз намоишгоҳ боздид карданд. Онҳо бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии ду кишвар аз наздик шинос шуданд. Чорабинии мазкур бо мақсади густариши шарикии байнулмилалӣ ва таҳкими робитаҳои ҳамкорӣ миёни давлат, тиҷорат ва доираҳои илмӣ гузаронида мешавад.

Дар намоишгоҳи таҷҳизот ва маснуоти нассоҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон молу маҳсулоти категорияҳои гуногун дар толорҳои алоҳида гузошта шудаанд: саноати сабуку вазнин ва маҳсулоти хӯрокворӣ.

Миёни молҳои Қирғизистон метавон сарулибос, маҳсулоти хӯрокворӣ, дастгоҳу маводи тиббӣ ва ғайраро мушоҳида кард. Ҳатто чархболи корпоратсияи фаромиллии “Шумқор” аз Қирғизистон ба намоиш гузошта шудааст. Ҳамаи молу маҳсулоти истеҳсолкунандагони қирғиз дар як гӯша намоиш дода мешавад.

Намояндагони ширкатҳои гуногуни Тоҷикистону Қирғизистон ва дигар меҳмонон аллакай роҳҳои имконпазири ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷоратро фаъолона баррасӣ мекунанд.

Бархе аз меҳмонони Қирғизистон барои шабакаҳои иҷтимоии худ видео сабт карда, обуначиёнро бо молу маҳсулоти намоишгоҳ шинос мекунанд. Баъзе маҳсулот, асосан хӯроквориро харидан мумкин аст.

Намояндаи яке аз ширкатҳо ба “Азия-Плюс” чунин изҳори назар кард, ки ин чорабиниҳо ба роҳандози рбитаҳо бо кишварҳои ҳамсоя, шиносоии ҳарчи бештари харидорони имконпазир аз хориҷа бо маҳсулоти Тоҷикистон ва аз ҳама муҳимаш – барқарор намудани ҳамкориҳои дӯстона бо Қирғизистон кумак мекунанд.

Тоҷикистон дар навбати худ маҳсулоти саноати истихроҷи ангишт, масолеҳи сохтмон, сабзавоту меваи маҳаллӣ, маҳсулоти ширӣ, молу маҳсулоти саноати нассоҷӣ, саноати сабук, мошинсозӣ, саноати мудофиа ва ғайраро ба маърази тамошо гузоштааст.

Намоишгоҳ имрӯз ҳам кор мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.