Аз фурудгоҳ то Донишгоҳи аграрӣ. Кӯчаҳои асосии Душанбе барои се моҳ баста мешаванд

Ҳаракати тамоми намуди нақлиёт тавассути се кӯчаи асосии шаҳри Душанбе- – кӯчаҳои А. Дониш, С. Айнӣ ва хиёбони Рӯдакӣ (аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе то кӯчаи Карамов) ҳудуди се моҳ – то 30-юми сентябр, марҳила ба марҳила қатъ мегардад. Дар ин бора аз шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфтанд, дар ин бора қарори раиси шаҳр […]

Ҳаракати тамоми намуди нақлиёт тавассути се кӯчаи асосии шаҳри Душанбе- – кӯчаҳои А. Дониш, С. Айнӣ ва хиёбони Рӯдакӣ (аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе то кӯчаи Карамов) ҳудуди се моҳ – то 30-юми сентябр, марҳила ба марҳила қатъ мегардад.

Дар ин бора аз шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфтанд, дар ин бора қарори раиси шаҳр аз 7-уми июли соли 2025 қабул шудааст.

Манбаъ гуфт, сабаби маҳдудияти мазкур таъмири сартосарии ин роҳҳо мебошад.

Гуфта мешавад, ки дар марҳилаи баста будани роҳҳо ҳаракат тавассути кӯчаҳои ҳамсоя ҷорӣ мегардад ва дар нақшаи ҳаракати нақлиёт тағйироти муваққатӣ ворид мегардад.

Шаҳрдорӣ таъкид мекунад, ки барои танзими ҳаракати нақлиёт лавҳаҳои иттилоотӣ ва аломатҳои роҳ насб гардида, гузариши бемамониати нақлиёти ёрии таъҷилӣ, пулис ва сӯхторхомӯшкунӣ таъмин мегардад.

Бояд гуфт, дар ҳудуди пойтахт маҳдудияти муваққатии ҳаракати нақлиёт аксаран мушкили тамбашавиро ба бор меорад.

Мақомот барои барҳам додани ин мушкил борҳо санҷишу рейд гузаронидааст. Инчунин баъзе гузаргоҳҳои рӯйизаминӣ низ баста шуданд, аммо сокинон пайваста шиква доранд, ки ин амалиёт мушкили тамбашавиро ҳал накарда, баръакс барои сокинон боз мушкили дигар пеш овардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.