Дар Нижний Новгород манъи кори муҳоҷирон дар соҳаи хӯроквориро бекор карданд

Дар вилояти Нижний Новгороди Русия мамнуияти ба кор қабул кардани муҳоҷирони дорои иҷозатномаи корӣ ё “патент” дар соҳаи хӯрокворӣ бекор карда шудааст. Дар ин бора хабаргузории русии РБК бо такя ба дастгоҳи ҳомии ҳуқуқи тиҷоратии ин вилоят хабар додааст. Бар асоси ин тағйирот ба қарори раиси вилояти Нижний Новгород, маҳдудияти кор барои муҳоҷирон дар соҳаҳои […]

Asia-Plus

Дар вилояти Нижний Новгороди Русия мамнуияти ба кор қабул кардани муҳоҷирони дорои иҷозатномаи корӣ ё “патент” дар соҳаи хӯрокворӣ бекор карда шудааст.

Дар ин бора хабаргузории русии РБК бо такя ба дастгоҳи ҳомии ҳуқуқи тиҷоратии ин вилоят хабар додааст.

Бар асоси ин тағйирот ба қарори раиси вилояти Нижний Новгород, маҳдудияти кор барои муҳоҷирон дар соҳаҳои нақлиёт, меҳмондорӣ, ҷамъовариву коркарди партов ва чанд соҳаи дигар ҳам бекор шудаанд.

Тасмими бекор кардани манъи кори муҳоҷирон дар ин соҳаҳо дар пайи муроҷиатҳои зиёди соҳибкорон, ки аз норасоии қувваи корӣ шикоят кардаанд, гирифта шудааст.

Бояд гуфт, фармони манъи кори муҳоҷирон тавассути "патент" дар вилояти Нижний Новгород дар чандин бахш моҳи марти соли ҷорӣ содир шуда буд.

Қаблан, ҳукумати шаҳри Санкт-Петербурги Русия қарори қаблан эълоншуда дар бораи манъи кори муҳоҷиронро дар соҳаи таксӣ ва боррасонӣ (курйер)-ро бозбинӣ намуда, зараровар будани ин тарҳро эътироф карда буд.

Бино ба арзёбии коршиносон, манъи пурра метавонист ба болоравии нархҳо ба хидматрасониҳо дар Санкт-Петербург ва душвор шудани дастрасӣ ба дарёфти онҳо оварда расонад.

Ҳамчунин, Вениамин Кондратев, волӣ ё губернатори вилояти Краснодар дар қароре аз 25 июни соли 2025, кор барои муҳоҷирон дар сохтмонро то 20 декабри соли 2025 иҷозат дода буд.

Бояд гуфт, ки дар бозори кори Русия норасоии шадиди қувваи корӣ ба мушоҳида мерасад.

Борис Титов, намояндаи махсуси президенти Русия оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибкорон чанде пеш изҳор намуд, ки талаботи Русия ба муҳоҷирон дарвоқеъ баланд буда, камбуди қувваи корӣ бошад, ба нуқтаи буҳронӣ расидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.