Теъдоди нафақахӯрон дар ним сол 21 ҳазор нафар зиёд шуд

То 1-уми июли соли 2025 дар Тоҷикистон зиёда аз 858 ҳазор нафақахӯр ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба аввали сол 21,5 ҳазор нафар зиёдтар аст. Ҳаҷми миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ 470 сомониро ташкил медиҳад. То 6 моҳи соли равон теъдоди умумии нақаахӯрон дар Тоҷикистон ба 858 191 нафар расидааст. Дар ин бора Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

То 1-уми июли соли 2025 дар Тоҷикистон зиёда аз 858 ҳазор нафақахӯр ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба аввали сол 21,5 ҳазор нафар зиёдтар аст. Ҳаҷми миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ 470 сомониро ташкил медиҳад.

То 6 моҳи соли равон теъдоди умумии нақаахӯрон дар Тоҷикистон ба 858 191 нафар расидааст. Дар ин бора Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Дар муқоиса бо аввали сол теъдоди нафақагирон 21 501 нафар ё худ 2,6% афзудааст.

Тибқи маълумоти омори расмӣ, ҳаҷми миёнаи нафақа дар кишвар 470,62 сомониро ташкил додааст. Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми нафақаи меҳнатӣ ба 585,05, суғуртавӣ – ба 470,57 ва иҷтимоӣ – ба 330,60 сомонӣ баробар шудааст.

Дар семоҳаи дуюми соли 2025 низоми нафақаи Тоҷикистон на танҳо устуворӣ дар болоравии теъдоди нафақагирон, балки дар таъминоти молиявиро низ нишон дод.

Дар нимсолаи аввал ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақаи кишвар аз ҳисоби андоз аз суғуртаи иҷтимоӣ 2,815 млрд сомонӣ ворид шудааст, ки 103,4% аз нишондиҳандаи нақшавиро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.