196 ё 72? Дар ҷанги Украина чанд шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаанд?

Asia-Plus

Беш аз 70 шаҳрванди Тоҷикистон аз тарафи Русия ба ҷанги Украина рафта, кушта шудаанд, ки ин дар миёни хориҷиёни кушташуда дар ин ҷанг, ки ҳуввияташон аллакай мушаххас шудааст, аз ҳама бештар мебошад. Дар ин бора дар як таҳқиқоти журналистии ББС ва “Медиазона” зикр мешавад.

Ин дар ҳолест, ки моҳи апрели соли равон тарҳи давлатии Украина – “Зистан мехоҳам” (Хочу жить) навишт, ки аз 931 зодаи Тоҷикистон, ки дар ин ҷанг ширкат мекунанд, “то имрӯз 196 нафари онҳо кушта шудаанд”.

Гузорши нави ББС дар маҷмӯъ, номи 118 ҳазору 139 низомии кушташудаи Русияро ташхис ва шиносӣ кардааст, ки дар байни онҳо беш аз 500 шаҳрванди хориҷӣ аз 28 кишвари ҷаҳон ҳам ҳастанд.

Дар ин таҳқиқот миёни шаҳрвандони хориҷӣ бо 72 кас Тоҷикистон дар ҷои аввал, Непал бо 70 кушта дар ҷои дуввум ва Ӯзбакистон бо 66 кушта дар ҷои сеюм қарор дорад. Гурҷистон ва Украина бо куштаҳои камтар дар зинаҳои чаҳорум ва панҷум қарор доранд.

Зикр мешавад, ки беш аз нисфи кушташудаҳо онҳое мебошанд, ки аз зиндонҳои Русия ва имзои созишнома бо ширкати "ЧВК Вагнер" ба ҷанг рафтаанд. Аз ҷумла, аз миёни 72 шаҳрванди Тоҷикистон, 43 тани онҳо мустақиман аз маҳбасҳо ба ҷанг бурда шудаанд.

ББС таъкид мекунад, ки ба ин рӯйхат танҳо он хориҷиён шомил шудаанд, ки дар замони имзои қарордод шаҳрвандии Русияро надоштанд ва маргашон бар асоси манобеъи боз – гузоришҳои мақомот, ҳамдардии наздикон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ё акси гӯрҳо таъйид шудааст.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, ҷанг миёни Русия ва Украина як василаи фишор болои муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар Русия кор мекунанд, шудааст. Онҳо маҷбур мешаванд, ки дар ивази ваъдаҳо, масалан, лағви мамнӯъияти вуруд, тезонидани гирифтани шаҳрвандӣ ва ё лағви ихроҷ дар ҷанг ширкат кунанд.

Қаблан, тарҳи “Зистан мехоҳам” навишта буд, ки аз 931 зодаи Тоҷикистон 196 тани онҳо то моҳи январи соли 2025-ум кушта шудаанд. Аз ҳама бештар дар соли 2024 – 147 кас.

“Фавтидагон аз 18 то 70-сола ҳастанд. Як нафар пас аз 7 рӯзи имзои шартнома кушта шудааст”, – зикр мекунад манбаъ.

Онҳо гуфта буданд, ки аксари зодагони Тоҷикистон, ки алайҳи Украина меҷанганд, аз сӯйи мақомоти гуногуни Русия бо фиреб, таҳдид, фишор ва сӯйистифода аз вазъи танги онҳо дар муҳоҷират ба ҷанг ҷалб мешаванд.

Тоҷикистон то ба ҳол дар бораи марги шаҳрвандонаш дар ҷанги Украина, ҳам дар бораи тарҳи “Зистан мехоҳам” ва ҳам таҳқиқоти ББС вокуниши расмӣ накардааст.

Ҳарчанд, ҳанӯз аз оғози ҷанги Русия дар Украина ва ба такрор аз шаҳрвандонаш хост, дар ин ҷанг иштирок накунанд, зеро он паёмади ҳуқуқӣ дорад ва муҷозот хоҳанд шуд.

Коршиносон мегӯянд, Русия дар симои муҳоҷирон аскари тайёрро мебинад ва ҳарчи бештар онҳоро дар ҷанг қурбон кардан мехоҳад.

Русия ҳеҷ гоҳ пинҳон накардааст, ки шаҳрвандони кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистонро барои имзои шартнома бо артишаш ва минбаъд ҷанг дар Украина ҷалб мекунад.

Мувофиқи иттилои Кумитаи тафтишотии Русия ба ҳолати июни соли 2024, зиёда аз 10 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, барои иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ дар Украина фиристода шудаанд.

Аз ҷумла, аз зиндониён, ки зодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд ва ба ҷанги Украина иҷборӣ ҷалб мешаванд, мақомоти Русия ҳарфе намезанад, ҳарчанд расонаҳо борҳо шикояти зиндониёнро нашр карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...