Дар Душанбе мусобиқаи “Шоми бокс” баргузор мегардад

Ин мусобиқа рӯзи 22-юми июл дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе миёни муштзанҳои касбӣ доир мешавад. Дар набарди асосии он Баҳодур Усмонов, муштзани шинохтаи тоҷик бо Кристофер Муафо аз Камерун рақобат мекунад. Дар ин набард Баҳодури 27-сола муқобили рақибаш аз унвони қаҳрамони “IBA.PRO Intercontinental” дар вазни сабук дифоъ мекунад. Ҳамчунин, дар муборизаи […]

Ин мусобиқа рӯзи 22-юми июл дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе миёни муштзанҳои касбӣ доир мешавад.

Дар набарди асосии он Баҳодур Усмонов, муштзани шинохтаи тоҷик бо Кристофер Муафо аз Камерун рақобат мекунад. Дар ин набард Баҳодури 27-сола муқобили рақибаш аз унвони қаҳрамони “IBA.PRO Intercontinental” дар вазни сабук дифоъ мекунад.

Ҳамчунин, дар муборизаи мазкур, ки аз 10 қисм (раунд) иборат аст, ҳарду муштзан барои ба даст овардани камарбанди “WBO Intercontinental” талош хоҳанд кард.

Баҳодур Усмонов дар охирин рақобати худ, ки моҳи майи имсол дар Душанбе доир шуда буд, барои дарёфти камарбанди қаҳрамонии “WBA Gold” муштзани филиппинӣ Алберт Пагараро бо “нокаут”-и фаннӣ мағлуб карда, унвонҳои “IBA.PRO Intercontinental” ва “WBA Gold”-ро дар вазни сабук соҳиб гардид.

Дар мусобиқаи “Шоми бокс” дар Душанбе, ҳамчунин, Давлат Болтаев, муштзани маъруфи тоҷик бо Соломон Адебайо аз Нигерия қувваозмоӣ мекунад. Ин набард дар 8 раунд ва барои ба даст овардани унвони “IBA.PRO Intercontinental” сурат мегирад.

Болтаев моҳи майи соли равон дар “Шоми бокс” дар Душанбе Закари-Серж Мвого аз Камерунро дар вазни сангин (+90,7 кг) бо “нокаут”-и фаннӣ шикаст дода, соҳиби камарбанди “IBA.Pro” гардид.

Ҳамчунин, дар мусобиқаи “Шоми бокс” дар пойтахти Тоҷикистон рӯзи 22-юми июл Вадим Мусоеви рус бо Хосе Мигел аз Мексика мубориза мебарад. Ин рақобат камарбанди “IBA.PRO Intercontinental” дар вазни то 67 кг сурат мегирад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.