Нерӯи барқ, семент, ангишт. Афзоиши назарраси доду гирифт миёни Тоҷикистон ва Афғонистон

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Афғонистон дар зарфи 5 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 40 млн долларро ташкил дод, ки 31,1% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад. Дар ин бора Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Ҳудуди 80% ё худ 32 млн доллар дар гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо ба содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба Афғонистон рост меояд. Аз Афғонистон ба Тоҷикистон ба маблағи қариб 8 млн доллар маҳсулот оварда шудааст.

Аз Тоҷикистон ба Афғонистон асосан нерӯи барқ интиқол дода мешавад. Ҳамчунин ба кишвари ҳамсоя баъзе масолеҳи сохтмон, дар навбати аввал семент, инчунин ангишт, нуриҳои минералӣ ва дар ҳаҷми начандон зиёд маҳсулоти хӯрокворӣ фурӯхта мешаванд.

Қисми зиёди воридоти Тоҷикистон аз Афғонистонро маҳсулоти кишовразӣ, аз ҷумла анҷир, мавиз ва пахта ташкил медиҳанд. Афғонистон барои фурӯш дар бозори Тоҷикистон инчунин қолин, сангҳои қиматбаҳо ва нимақиматбаҳо пешниҳод мекунад.

Қобили зикр аст, ки Афғонистон дар даҳгонаи бозори асосии фурӯши маҳсулоти Тоҷикистон боқӣ монда, аз ин кишвар танҳо Нидерланд, Чин, Туркия, Ӯзбекистон, Эрон, Русия ва Қазоқистон пешсафанд.

Дар зарфи 5 моҳи соли равон Тоҷикистон ба сурати умум бо 107 кишвари саросари дунё додугирифти молу маҳсулот анҷом дода, ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии кишвар ҳудуди 3,9 млрд доллларро ташкил додааст.

Молу маҳсулот ба маблағи 780 млн доллар содир шудааст, ки 11,3% камтар нисбат ба ҳаимн давраи соли 2024 мебошад. Ҳаҷми воридот зиёда аз 3,1 млрд долларро ташкил медиҳад, ки 7% зиёдтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аст.

Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон Русия, Чин ва Қазоқистон боқӣ мондаанд.

Пас аз он ки гурӯҳи "Толибон"* дар моҳи августи соли 2021 тамоми Афғонистонро ғасб карда, ба қудрат расиданд, Тоҷикистон аз камтарин кишварҳое мебошад, ки бо "Толибон" расман ҳеҷ гуна равобит надорад. Бо ин вуҷуд, додугирифти мол ва фурӯши барқ байни Тоҷикистону Афғонистон ҳамчунон идома дорад. Дар Душанбе то ҳол сафири ҳукумати пешини Афғонистон ба ҳайси намояндаи мардуми ин кишвар фаъолият мекунад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – “Афғонистон” бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...