Боздошти шавҳар бо гумони ба худкушӣ расонидани занаш дар Зафаробод

Дар ноҳияи Зафаробод марди 34-солае бо гумони ба худкушӣ расонидани ҳамсараш боздошт шудааст. Дар ин бора ВКД хабар дода, аммо аз исми зану шавҳар ном набурдааст. Манбаъ гуфтааст, ҳамсари 28-солаи ин мард, ки сокини ноҳияи Зафаробод будааст, рӯзи 10-уми июл, тақрибан соати 11:30 дар оғилхонаи манзили истиқоматияш худро ба дор овехтааст. Ба гуфтаи манбаъ, сабаби ин […]

Дар ноҳияи Зафаробод марди 34-солае бо гумони ба худкушӣ расонидани ҳамсараш боздошт шудааст. Дар ин бора ВКД хабар дода, аммо аз исми зану шавҳар ном набурдааст.

Манбаъ гуфтааст, ҳамсари 28-солаи ин мард, ки сокини ноҳияи Зафаробод будааст, рӯзи 10-уми июл, тақрибан соати 11:30 дар оғилхонаи манзили истиқоматияш худро ба дор овехтааст.

Ба гуфтаи манбаъ, сабаби ин амали зан “муомилаҳои бераҳмона ва ҷабру зулми шавҳараш” нисбати ӯ будааст.

Дар ҳоле, ки назари боздоштшуда ва пайвандони ӯ дар робита ба ин ҳодиса маълум нест, мақомот гуфтааст, алайҳи шавҳари зан бо иттиҳоми “ба худкушӣ расонидан” (моддаи 109 қисми 2 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Бар асоси ин иттиҳом, ба дастгиршуда аз 5 то 8 соли зиндон ҷазо таҳдид мекунад.

Бояд гуфт, ҳолатҳои ба худкушӣ расонидани келин аз ҷониби шавҳар ва ё хушдоман дар Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Қаблан низ чанд шавҳару хушдоман бо ҷурми ба худкушӣ расонидани келини хонадон боздошт шуда буданд.

Яке аз чунин ҳодисаҳои пурсадусадотарин соли 2022 дар ноҳияи Файзобод рух дода буд. Бибикалон Назирова, хушдомани Манораи Абдуфаттоҳ (Абдуалимзода), ки ҷасадаш моҳи июни соли гузашта дар ноҳияи Файзобод бо 26 зарби корд ёфт шуд, барои ба худкушӣ расонидани келинаш 7 сол равонаи зиндон шуда буд.

Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон дар соли гузашта дар кишвар 259 нафар занону духтарон ба худкушӣ ва суиқасд ба он даст задаанд.

Сабабҳои даст ба худкушӣ задан бемориҳои рӯҳӣ, шароити вазнини моддӣ ва муноқишаҳои оилавӣ унвон мешаванд.

Омори 5 солаи худкушӣ ва сабабу омилҳои онро дар маводи "Чаро мардон бештар худкушӣ мекунанд?" хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.