Дар ним сол беш аз 761 ҳазор сайёҳ ба Тоҷикистон омадаанд

Дар 6 моҳи соли 2025 ба Тоҷикистон 761,4 ҳазор сайёҳи хориҷӣ омадааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 180,9 ҳазор нафар ё 31% зиёд мебошад. Кумитаи рушди сайёҳии кишвар мегӯяд, аз шумораи умумии сайёҳон, 59,8 ҳазор нафарро сайёҳон аз хориҷи дур ва 699,2 ҳазор нафарро аз кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) ташкил медиҳад. […]

Нозанини Исмат, махсус барои Asia-Plus

Дар 6 моҳи соли 2025 ба Тоҷикистон 761,4 ҳазор сайёҳи хориҷӣ омадааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 180,9 ҳазор нафар ё 31% зиёд мебошад.

Кумитаи рушди сайёҳии кишвар мегӯяд, аз шумораи умумии сайёҳон, 59,8 ҳазор нафарро сайёҳон аз хориҷи дур ва 699,2 ҳазор нафарро аз кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) ташкил медиҳад.

Шумораи вуруди сайёҳон назар ба 6 моҳи соли гузашта аз кишварҳои хориҷи дур  1,1%  кам, вале аз аз кишварҳои ИДМ 31% афзудааст.

Аз ин ниҳод нагуфтанд, ки мушаххас аз кадом кишварҳо бештар сайёҳон ба Тоҷикистон ворид шуданд. Ваъда карданд, ки ин омор рузҳои наздик дастрас мешавад.

Дар ҳамин ҳол, қаблан Агентии омор хабар дода буд, ки аз 307 ҳазор сайёҳе, ки дар 3 моҳи аввали соли 2025 ба Тоҷикистон омаданд, 64,1% онҳо аз Ӯзбекистон будаанд. Дар ҷои дуюм сайёҳон аз Русия 23,6 фоизи теъдоди умумии сайёҳонро ташкил додаанд.

Аз мамлакатҳои хориҷи дур, дар ҷои аввал Чин бо 7,1 ҳазор нафар, Эрон бо 3,9 ҳазор нафар дар ҷои дуввум ва Афғонистон бо 3,2 ҳазор нафар дар ҷои сеюм буданд.

Мақомоти Тоҷикистон пайваста аз афзоиши шумори сайёҳон ва беҳбудӣ дар хидматрасонӣ ба онҳо, ситоиш мекунад. Вале камбуди ҳоҷатхонаҳо дар роҳу минтақаҳои сайёҳӣ, суръати пасти интернет ва чангу ғубор аз таъсири сохтмону таъмири роҳҳо, аз мушкилиҳое ҳастанд, ки боиси нороҳатии бархе ҷаҳонгардон шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.