Оғози марҳилаи дуввуми лоиҳаи тақвияти ҳамкории котибони матбуотӣ бо рӯзноманигорон

Asia-Plus

Имрӯз, 15-уми июл дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон марҳалаи дуввуми лоиҳаи “Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО”, ки ҳадафаи он тақвияти ҳамкории марказҳои матбуотӣ бо хабарнигорон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои роҳандозиву идомаи равобит мебошад, муаррифӣ гардид.

Лоиҳаи мазкур, ки аз ҷониби Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ва Вазорати корҳои хориҷӣ бо мусоидати Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва дастгирии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Дар чорабинӣ котибони матбуотии ниҳодҳои давлатӣ, роҳбарони созмонҳои журналистӣ, рӯзноманигорон ва намояндагони сафоратҳои давлатҳои хориҷӣ  иштирок ва дар доираи мавзӯи лоиҳа мубодилаи афкор карданд.

Дар муаррифӣ зикр гардид, ки ин лоиҳа идомаи лоиҳаи якум аст, ки соли гузашта баргузор шуд ва ҳадафи он ташаккули фазои мусоиди ҳамкорӣ миёни котибони матбуотӣ ва расонаҳо ҷиҳати инъикоси шоистаи кори ниҳодҳои давлатӣ ба ҷомеа ва ба ин васила, таъмини дастрасӣ ба иттилои сареъ ва боэътимод мебошад.

Манижа Анварӣ, роҳбари иҷроияи Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” зимни сухаронии хеш натиҷаҳои марҳилаи аввали лоиҳаро муаррифӣ карда, аз ҷумла зикр намуд, ки он бо ҷалби котибони матбуотии 30 ниҳоди давлатӣ ва 20 рӯзноманигор аз расонаҳои гуногун татбиқ гардид.

Гуфта шуд, ки дар доираи он 5 мизи мудаввар ва 6 машғулияти омӯзишӣ оид ба тақвияти бештари ҳамкории марказҳои матбуотӣ бо расонаҳо ва истифода аз зарфиятҳо баргузор гардид.

Ӯ гуфт, пешниҳоду таклифҳое, ки зимни мизҳои мудаввар ва машғулиятҳои омӯзишӣ ироа гардиданд, барои беҳбуди ҳамкорӣ ба ниҳодҳои дахлдор фиристода шуд.

“Ҳамакнун, дар марҳилаи дуюми лоиҳа низ баргузории мизҳои мудаввар ва машғулиятҳои омӯзишӣ, аз ҷумла як машғулияти омӯзишии серӯза берун аз шаҳр дар назар аст, аммо таваҷҷуҳи аслӣ ба ду самт ҳифз ва таҳкими равобите, ки миёни расонаҳо ва кормандони марказҳои матбуотӣ, ки зимни баргузории марҳилаи аввали Лоиҳа ташаккул ёфт ва тақвияти ҳамкории расонаҳо бо марказҳои матбуотӣ дар минтақаҳои кишвар равона шудааст”, – гуфт Манижа Анварӣ.

Дар идома, Мирзошариф Ҷалолов, сардори Раёсати таҳқиқоти стратегии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон чорабинӣ имрӯзаро на танҳо оғози як марҳилаи нави ҳамкориҳои муассир байни марказҳои матбуотии давлатӣ ва васоити ахбори омма, балки заминае барои ба роҳ мондани имкониятҳои нав дар соҳаи такмили ихтисос, рушди нерӯи инсонӣ ва мубодилаи таҷрибаҳои муфид арзёюбӣ кард.

“Соли сипаришуда марҳилаи якуми лоиҳа бо иштироки намояндагони хадамоти матбуотии ниҳодҳои давлатӣ ва расонаҳои кишвар бомуваффақ татбиқ гардида, он ба майдони беназири табодули таҷриба ва муҳокимаи масъалаҳои мубрами тавваҷҷуҳи тарафайн инчунин ҳамкориҳои мутақобилан судманд мубаддал гардид”,- гуфт номбурда.

Фердинанд Йенрих, муовини Сафири Иттиҳоди Аврупо, Мудири шуъбаи сиёсӣ, матбуот ва ахбори Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки муносибати бар эътимод асосёфта байни мақомоти давлатӣ ва расонаҳо, барои ҳукумат ва тамоми ҷомеаи Тоҷикистон фоиданок аст.

“Умуман, расонаҳо барои кишвар, барои ҷомеа, барои халқи тоҷик фаъолияти худро мебаранд. Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон бо ҳамкории хуб бо ниҳодҳои давлатӣ метавонанд ҷомеаро бо маълумоти беҳтар оиди авлавиятҳо ва қарорҳои ҳукумат таъмин намоянд, ки ин манфиати назаррас аст”, – гуфт .

Ҷасур Абдуллоев, роҳбари бахши тоҷикии “Азия-Плюс” зимни муаррифии бахши дуввуми лоиҳа иттилоъ дод, ки дар ҷараёни татбиқи он 5 машғулияти омӯзишӣ дар минтақаҳо, 2 машғулияти омӯзишӣ дар Душанбе,  1 машғулияти омӯзишии беруназшаҳрӣ, 5 сафари матбуотӣ ба ниҳодҳои давлатӣ ва 5 мулоқоти ғайрирасмӣ дар назар аст.

Ӯ гуфт, мавзӯи ҳар як чорабинӣ бодиққат таҳия шуда, ҳама ҷанбаҳои муҳимми тақвияти кори марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо раоснаҳоро гирифтаанд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумаи миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) дар робита ба вазъи ҳамкории расонаҳо ва марказҳои матбуотӣ ва аҳамияти лоиҳа дар тақвияти он суханронӣ кард ва чанд нуктаҳои муҳими ин ҳамкориро зикр намуд.

Ӯ аз ҷумла зикр кард, ки бояд байни расонаҳо ва марказҳои матбуотӣ эътимод барқарор шавад ва маҳз он ба тақвияти ҳамкориҳо байни ду қишр замина мегузорад.

Ба таъкиди ӯ, барои ба даст овардани эътимод муҳим аст, ки ҳам журналист ва ҳам сухангӯи ниҳод кори худро донад, дар  фаъолият ҳирфаӣ бошад ва махсусан котиби матбуот бояд ба роҳбари аввал дастрасӣ дошта бошад.

Масъалаи дастрасии ба иттилоот, камфаъолии бархе аз котибони матбуотӣ ва риояи қонунгузории дар самти ВАО ва меъёрҳои ахлоқии журналистӣ, инчунин мушкили набудани воҳиди кории котиби матбуотӣ дарн бархе ниҳодҳо ва ҳукуматҳои маҳаллӣ аз дигар мавзуҳои баррасишудаи чорабинӣ буд, ки ширкаткунандаҳо атрофи он гуфтугӯ карданд.

Ин чорабиниҳо аз моҳи июл то декабри соли 2025 баргузор шуда, аз натиҷаи он хулоса ва пешниҳодҳо ба Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур пешниҳод мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...