Дар Ӯзбекистон 357 корхона бо сармояи Тоҷикистон фаъолият мекунад

То 6 моҳи соли 2025 дар Ӯзбекистон 357 корхона бо сармояи Тоҷикистон амал мекунанд. Аз ин 89 корхонаи муштарак ва 268 адад комилан ба Тоҷикистон мансуб аст. Аввали соли 2024 дар Ӯзбекистон  303 корхонаҳо бо сармояи Тоҷикистон амал мекард. Бино ба маълумоти Кумитаи милии омори Ӯзбекистон, то 1 июли соли 2025 дар ин кишвар 16 685 ширкати амалкунанда бо сармояи хориҷӣ […]

То 6 моҳи соли 2025 дар Ӯзбекистон 357 корхона бо сармояи Тоҷикистон амал мекунанд. Аз ин 89 корхонаи муштарак ва 268 адад комилан ба Тоҷикистон мансуб аст. Аввали соли 2024 дар Ӯзбекистон  303 корхонаҳо бо сармояи Тоҷикистон амал мекард.

Бино ба маълумоти Кумитаи милии омори Ӯзбекистон, то 1 июли соли 2025 дар ин кишвар 16 685 ширкати амалкунанда бо сармояи хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 20% зиёдтар аз як соли гузашта аст.

Тоҷикистон аз рӯи корхонаҳои хориҷӣ дар ин кишвар зинаи 8-умро касб мекунад (ҳудуди 2% аз шумори ҳамаи ширкатҳо бо иштироки хориҷиён дар Ӯзбекистон). Барои муқоиса, аввали соли 2024 шумори чунн корхонаҳо ба 303 адад ва нимаи соли 2024 аллакай ба 329 адад баробар буд.

Корхонаҳои Тоҷикистон махсусан дар соҳаи саноат, сохтмони фабрикаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус дар минтақаҳое чун Деҳнав амал мекунанд. Сармоягузорони тоҷик дар бахши истихроҷ, аз ҷумла иктишофи геологӣ ва металлургия низ фаъоланд.

Дар соҳаи энергетика оид ба интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ҳамкорӣ ба роҳ монда шуда, лоиҳаҳо дар самти бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон амалӣ мешаванд ва дар сарҳади кишвраҳо марказҳои тақсимот дар ҳоли рушданд.

Дар логистика ва зерсохтор ширкатҳои Тоҷикистон дар рушди нуқтаҳои сарҳадии “Ойбек-Фотеҳобод” ва “Андархон” иштирок карда, инчунин барои содироти молу маҳсулот ба кишварҳои ИДМ ва Иттиҳоди Аврупо аз долонҳои нақлиётии кишвари ҳамсоя истифода мебаранд.

Бахшҳои кишоварзӣ ва нассоҷӣ аз самтҳои муҳим боқӣ монда, дар ин соҳаҳо лоиҳаҳои коркарди пахта, бунёди истеҳсолот аз абрешим ва корхонаҳои нассоҷӣ фаъолона роҳандозӣ мешаванд.

Дар самти электроника сармояи Тоҷикистон дар истеҳсол ва васлу насби техникаи маишӣ ба мисли лоиҳаи “Артел Авесто Электреникс” бо таваҷҷуҳ ба инжиринг ва таҳияи барномаҳои техникӣ муаррифӣ мешаванд.

Тавре ки директори Маркази таҳқиқоти иқтисодӣ ва ислоҳоти Ӯзбекистон Обид Ҳакимов зикр кардааст, Тоҷикистон ба даҳгонаи шарикони сатратегии кишвар дохил мешавад. Самтҳои ояндадор барои рушди минбаъда – бунёди кластерҳои саноатӣ, рушди нерӯи барқи обӣ (гидроэнергетика), роҳандозии долони логистикии Ӯзбекистон – Тоҷикистон – Чин ва густариши самтҳои савдо арзёбӣ мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 70 корхона бо сармояи Ӯзбекистон амал мекунанд..

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.