Худкушии қариб 50 нафар дар ним сол дар вилояти Хатлон

Дар вилояти Хатлон дар 6 моҳи соли равон 66 қасди худкушӣ сабт шуда, ки аз ин 47 тан ҳалок ва 19 нафар зинда мондаанд. Ҳарчанд сабти худкушӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 ҳолат кам аст, вале ин ҳаводис Додситонии вилояти Хатлонро нигарон кардааст. Завқиддин Нуъмонзода, сардори шуъбаи назорати тафтишоти пешакии додситонии вилоят ба […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Дар вилояти Хатлон дар 6 моҳи соли равон 66 қасди худкушӣ сабт шуда, ки аз ин 47 тан ҳалок ва 19 нафар зинда мондаанд. Ҳарчанд сабти худкушӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 ҳолат кам аст, вале ин ҳаводис Додситонии вилояти Хатлонро нигарон кардааст.

Завқиддин Нуъмонзода, сардори шуъбаи назорати тафтишоти пешакии додситонии вилоят ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар ин давра 31 мард ва 35 зан қасди худкушӣ кардаанд. Дар байни инҳо 19 ноболиғ будаанд, ки ба гуфтаи ин масъули додситонӣ “хеле ташвишовар аст”.

“Дар шаҳру ноҳияи Қубодиён 7 кас, Шаҳритус 5 тан, Бохтар, Кӯлоб, Вахш ва Фархор 4-нафарӣ, Левакант, Кӯшониён, Хуросон 3-нафарӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҳамадонӣ, Данғара 2-нафарӣ, Панҷ, Носири Хусрав, Темурмалик, Дӯстӣ, Муъминобод ва Шамсиддини Шоҳин 1-нафарӣ қасди худкушӣ кардаанд”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

 

Сабабҳои қасди худкушӣ

Завқиддин Нуъмонзода гуфт, ки сабабҳои даст ба худкушӣ задани сокинон гуногун буда, аз ҷумла 20 кас гирифтории бемории руҳӣ буда, 39 ҳолат ба мушкилии рӯзгор, рашк, ҳолати мастӣ ва муноқишаҳои оилавӣ рабт дошт.

“Ҳамчунин ҳолатҳое ҳаст, ки ба мисли надоштани фарзанд ва аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудан низ сабаби худкушӣ шудааст”,- гуфт ӯ.

Ба иттилои вай, дар ин давра барои ба худкушӣ расонидан ё моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон танҳо 3 парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, “ҷабрдидаҳо ба муомилаи бераҳмона, мунтазам паст задани шаъну шарафашон тоқат накарда даст ба худкушӣ задаанд”. Маълум нест, ки чанд нафар ҷазо гирифтаанд.

“Ҳарчанд аз тарафи ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохтору муассисаҳо гурӯҳҳои корӣ ташкил шуда, байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд, вале ҳамоно вазъ нигаронкунанда аст. Аз ин хотир бояд тамоми қишрҳои ҷомеъа аз оила сар карда то мактаб, умуман ҳамаи қишри ҷомеа дар мавриди пешгирии худкушӣ даст ба кор шаванд”, – гуфт Завқиддин Нуъмонзода.

Бояд гуфт, ҳолатҳои худкушӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҷанбуи кишвар расонаӣ мешавад. Аз ҷумла, ҳодисаи пурсарусадои чанд рӯзи охир, ин бо қасди худкӯши худро ба об партофтани як зан ҳамроҳи чаҳор кӯдакаш дар Фархор мебошад, ки билохира худаш аз об зинда берун шуд ва кӯдакон ҳалок шуданд. Ин ҳодиса нигаронии мақомот ва ҷомеаро ба миён овард.

Вале омори солонаи чунин ҳодисаҳо феълан маълум нест. Тибқи иттилои мақомот дар нимсолаи аввали соли 2024 дар кишвар 222 ҳодисаи худкушӣ ва суиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, ки 11 ҳолат бештар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 аст.

Мақомот, сабабҳои даст ба худкушӣ задан бемориҳои рӯҳӣ, шароити вазнини моддӣ ва муноқишаҳои оилавӣ унвон мекунанд.

Омори 5 солаи худкушӣ ва сабабу омилҳои онро дар маводи "Чаро мардон бештар худкушӣ мекунанд?" хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.