Як созмони байналмилалӣ пешгӯи мекунад, ки интиқоли пул аз сӯи муҳоҷирон ба Тоҷикистон кам мешавад

Фонди авруосиёии суботу рушд (ФАОСР) аз тадриҷан камшавии вуруди маблағ ба Тоҷикистон дар се соли наздик интизорӣ дорад. "Дар устувории тавозуни пардохт хавфҳои баланди марбут ба  коҳиши интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирон ва коҳиши содироти маҳсулоти ашёи хом дар ҳолати бад шудани вазъи иқтисоди хориҷӣ боқӣ мемонанд", – омадааст дар шарҳи нави иқтисодии минтақавии ФАОСР. […]

Фонди авруосиёии суботу рушд (ФАОСР) аз тадриҷан камшавии вуруди маблағ ба Тоҷикистон дар се соли наздик интизорӣ дорад.

"Дар устувории тавозуни пардохт хавфҳои баланди марбут ба  коҳиши интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирон ва коҳиши содироти маҳсулоти ашёи хом дар ҳолати бад шудани вазъи иқтисоди хориҷӣ боқӣ мемонанд", – омадааст дар шарҳи нави иқтисодии минтақавии ФАОСР.

Муаллифони гузориш зикр мекунанд, ки мушкилоти эҳтимолӣ дар қонунигардонии будубоши муҳоҷирони кории тоҷик метавонад ба коҳиши интиқолҳо то  2-4% нисбат ММД боис гардида, мутаносибан сатҳи некуаҳволии аҳолиро поин барад.

Дар моҳи феврали соли ҷорӣ мақомоти Русия рӯйхати шахсони зери назоратро роҳандозӣ карданд, ки дар он шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар ҳудуди Русия қонуншиканӣ анҷом додаанд ва барои иқомати қонунӣ асос надоранд, сабт мешаванд.

Тибқи арзёбии таҳлилгарони Фонд, ҳаҷми интиқоли маблағ аз ҷониби  муҳоҷирон дар соли равон аз 44,7 млрд сомонӣ дар соли 2024 то 40 млрд сомонӣ кам мешавад. Мувофиқи пешгӯии онҳо, соли 2026 ҳаҷми интиқол то 37 млрд ва дар соли 2027 – то 35 млрд сомонӣ поин хоҳад рафт.

Тибқи пешгӯии коршиносони ФАОСР, дар соли 2024 қурби миёнаи солонаи асъори миллӣ нисбат ба доллари ИМА 10,8 сомониро ташкил дод. Дар соли 2025 он дар сатҳи 10,2 сомонӣ, соли 2026 — 10,7 сомонӣ ва дар соли 2027 — 11,3 сомонӣ пешбинӣ мегардад. Қурби расмии расмии доллар барои 15 июл аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар сатҳи 9,66 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар гузориши ахири Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) бо истинод ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ зикр мешавад, ки соли 2024 ҳаҷми интиқоли маблағ ба Тоҷикистон 5,8 млрд долларро ташкил дода буд, ки 27% зиёдтар нисбат ба соли 2024 аст.

Интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирон дар соли гузашта ба 45% нисбат ба ММД-и Тоҷикистон баробар шуда буд. Аз рӯи ин нишондиҳанда Тоҷикистон пешсаф дар ҷаҳон боқӣ монда, бо бартарии зиёд дигар кишварҳоро паси худ гузоштааст.

Таносуби интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирон нисбат ба ММД тайи 17 соли ахир танҳо 3 маротиба аз 30% поинтар буд – солҳои 2015, 2016 ва 2020. Тайи се соли ахир бошад, пас аз оғози ҷанг миёни Русия ва Украина, ин нишондиҳанда қариб ба нисфи ММД-и ҷумҳурӣ баробар шуд. Чунин сатҳи баланди таносуби маблағҳои интиқолёфта нисбат ба ММД соли 2018 ва солҳои 2011-2013 ба мушоҳида расида буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.