Кор барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия. Маош чанд аст ва кор чист?

Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия муҳоҷирони тоҷикро барои кор дар бахши сохтмон дар вилояти Амур даъват кардааст. Тавре намояндагӣ дар эълони худ навиштааст, кормандон барои сохтмони иншооти маҷмааи газу химиявии Амур (МГХК), ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии “Аякс Инжиниринг” сурат мегирад, пазируфта мешаванд. Сохтмони ин иншоот аз 21-уми июли соли […]

Asia-Plus

Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия муҳоҷирони тоҷикро барои кор дар бахши сохтмон дар вилояти Амур даъват кардааст. Тавре намояндагӣ дар эълони худ навиштааст, кормандон барои сохтмони иншооти маҷмааи газу химиявии Амур (МГХК), ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии “Аякс Инжиниринг” сурат мегирад, пазируфта мешаванд.

Сохтмони ин иншоот аз 21-уми июли соли ҷорӣ то 31-уми декабри соли 2026 идома карда, дар ду марҳила амалӣ мешавад. Гуфта мешавад, барои кор дар ин ширкат устоҳое чун бетонрез, хиштчин, рангмол, андовачӣ даъват карда мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, музди меҳнат аз 130 ҳазор рубл (беш аз 15 ҳазор сомонӣ) то 160 ҳазор рубл (беш аз 19 ҳазор сомонӣ) буда, ҳуҷҷатгузорӣ, таъмин бо манзил ва хӯрок ба зиммаи корфармо аст.

Манбаъ навиштааст, музди меҳнати кормандон дар як моҳ ду маротиба тариқи корти бонкӣ пардохта мешавад.

Намояндагии вазорати меҳнат дар Русия барои муроҷиати шаҳрвандон рақамҳои тамоси худро дар ҳар манотиқи ин кишвар нашр кардааст:

Ҳавзаи федералии Марказӣ дар шаҳри Маскав:  +7 (967) 271-02-02,  +7 (988) 676-00-00,  +7 (966) 031-22-22,  +7 (936) 174-19-92,  +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” бо рақами  +7 (999) 912-58-68;

Ҳавзаи федералии Приволжие дар шаҳри Уфа:  +7 (926) 311-52-53;

Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб дар шаҳри Санкт-Петербург:  +7 (977) 963-25-69;

Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ дар шаҳри Краснодар:  +7 (901) 344-77-77 ;

Ҳавзаи федералии Сибир дар шаҳри Новосибирск:  +7 (929) 388-54-11;

Ҳавзаи федералии Шарқи Дур дар шаҳри Хабаровск:  +7 (909) 809-55-48.

Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур дар шаҳри Хабаровск: +7 (909) 809‑55‑48

Намоянда дар минтақаи Урал дар шаҳри Екатеринбург: +7 (916) 555-74-97

Бояд гуфт, ин дар ҳолест, ки дар Русия рӯз то рӯз норасоии шадиди қувваи корӣ ба мушоҳида расида, мақомоти маҳаллӣ ҳарчи бештар маҳдудиятҳоро барои ҷалби муҳоҷирон бозбинӣ мекунанд. Вилоятҳо маҳдудиятҳоеро, ки қаблан барои муҳоҷирон дар кор дар соҳаҳои гуногун ҷорӣ карда буданд, оҳиста-оҳиста лағв ва эътироф мекунанд, ки бе муҳоҷирон иқтисоди ин кишвар пеш намеравад.

Ҳамин тавр, мақомоти вилояти Нижний Новогород маҳдудияти моҳи март ҷоришударо дар бораи манъи қувваи корӣ барои муҳоҷирон бекор кард. Дар Санкт-Петербург низ вазъият ҳамин гуна буда, мақомоти шаҳр аз 1-уми июл ҷорӣ намудани манъи кор барои муҳоҷирон дар соҳаҳои кирокашӣ ва колорасониро бекор карданд

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио