Рӯзҳои баргузории машғулиятҳои мутобиқшавӣ барои синфҳои 1-ум дар Тоҷикистон маълум шуд

Аз 18 то 29 август машғулиятҳои мутобиқшавӣ барои хонандагони синфи 1-ум дар мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон оғз мешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар доданд. Дар машғулиятҳои мутобиқшавӣ кӯдаконро ба реҷаи кори мактаб омода карда, бо онҳо суҳбатҳо гузаронида мешаванд. Инчунин ба воситаи бозиҳо ба онҳо мефаҳмонанд, ки вақташон […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Аз 18 то 29 август машғулиятҳои мутобиқшавӣ барои хонандагони синфи 1-ум дар мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон оғз мешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар машғулиятҳои мутобиқшавӣ кӯдаконро ба реҷаи кори мактаб омода карда, бо онҳо суҳбатҳо гузаронида мешаванд. Инчунин ба воситаи бозиҳо ба онҳо мефаҳмонанд, ки вақташон дар мактаб чӣ хел мегузарад ва инчунин аз дигар методҳои мутобиқшавӣ истифода мекунанд.

Дар Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ҳамчунин илова намуданд, ки машғулиятҳои мутобиқшавӣ барои синфҳои 1-ум ҳатман ҳам дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ҳам хусусӣ гузаронида мешаванд.

Дар соли нави хониш қабули ҳудуди 250 ҳазор нафар кӯдакон ба синфи 1-ум дар Тоҷикистон дар назар аст.

Қабули кӯдакон ба синфи 1-ум дар Тоҷикистон дар соли хониши 2025-2026 аз 1-уми август оғоз мешавад.

Қабули кӯдакон ба мактаб ройгон аст. Ин ҳам ба мактабҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ ва ҳам русӣ сарфи назар аз шакли моликияти муассиса (давлатӣ ё хусусӣ), дахл дорад.

Барои қабули кӯдак ба мактаб пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст:

– варақаи шахсии кӯдак;

– ду акси 3х4;

– ариза аз номи волидон;

– шаҳодатнома дар бораи таваллуди кӯдак;

– маълумотномаи тиббӣ;

– нусхаи шиносномаҳои падару модар (2 нусха);

– шаҳодатнома дар бораи ақди никоҳ;

– маълумотнома (справка) аз ҷойи зист.

Зикр шуд, ки дар сурати аз волидон талаб кардани пул барои қабул онҳо бояд расид (квитансия) талаб кунанд ё дар бораи қонуншиканӣ ба телефони боварии Вазорати маориф – 227-76-85 ё Раёсати маорифи Душанбе – 221-30-92 муроҷиат намоянд.

6-солаҳоро қабул намекунанд

Имсол ба синфи якуми мактабҳо кӯдакони то 31-уми декабри соли 2018 таваллудшуда қабул мешаванд. Агар кӯдак 1-уми январи соли 2019 ё баъдтар аз он таваллуд шуда бошад, ӯро ба синфи якум қабул намекунанд. Яъне мисли солҳои пеш имсол кӯдакони синни 6-сола ба мактаб қабул карда намешаванд.

Мувофиқи қонун “Дар бораи маориф”, ба синфи якуми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ танҳо кӯдаконе қабул мешаванд, ки ба синни 7-солагӣ расидаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.