Пардохти андози аксиз аз сигору тамоку қариб як маротиба боло рафтааст. Меъёри нави аксиз барои маҳсулоти зераксизӣ муайян шуд

Asia-Plus

Бо қарори нави ҳукумати кишвар меъёри андози аксиз барои як қатор молу маҳсулоти дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва аз хориҷ воридмешуда боло рафтааст. Дар ин бора қарори ҳукумати кишвар аз 29-уми майи соли ҷорӣ ба имзо расида, қарори 9-уми июни соли 2018 қабулшударо аз эътибор соқит шудааст.

Бояд гуфт, андози аксиз як навъи андози ғайримустақим ва махсус мебошад, ки барои молҳои муайяни зераксизӣ, аз ҷумла молҳои дорои таъсири манфӣ ба саломатӣ ва муҳит ҷорӣ мешавад.

Мувофиқи қарори нав, аз 1000 дона сигор, сигорҳои қисми охирашон буридашуда, сигорилҳо, сигорҳо аз тамоку ва ивазкунандаи он 17 евро (188 сомонӣ, бо қурби рӯзи 18-уми июл ҳисоб шудааст), сигоретҳои дорои тамоку 19 евро (228 сомонӣ), инчунин аз 1 килограм маҳсулоти дорои тамокуи тафсон 15 евро (166 сомонӣ) ва 100 миллилитр моъеи дорои никотин 4 евро (44 сомонӣ) андоз ситонида мешавад. Меъёри аксиз қаблан аз 8,5 евро то 9,8 евро барои 1000 донаи ин маҳсулот пешбинӣ гардида буд. Ин қариб як маротиба гаронтар аз меъёри қаблӣ аст.

Инчунин дар қарори нав барои 1 дона сигори электронӣ ва дастгоҳҳои ба ин монанд бухоркунандаи барқии инфиродӣ 0,5 евро (5.5 сомонӣ) ва дигар дастгоҳи интиқоли дуд 5 евро (55 сомонӣ) пардохт бояд шавад. Дар қарори қаблӣ сигорҳои электронӣ ва андози аксиз аз онҳо зикр нагардида буд.

Андоз аз маъдану нафт ва резин

Мувофиқи банди алоҳидаи қарор аз 1 тонна нафт ва маҳсулоти нафтии аз навъҳои битумӣ гирифташуда ва коркардшуда 60 евро (665 сомонӣ), аз 1 тонна бензинҳои муҳаррикӣ, ҳавопаймоӣ ва автомобилӣ, инчунин бензинҳо барои муҳаррики реактивӣ ва киросин 70 евро (775 сомонӣ), сӯзишворӣ барои муҳаррики реактивӣ 25 евро (277 сомонӣ), маҳлулҳои махсус, аз ҷумла дорои сулфур 15 евро (166 сомонӣ) андоз ситонида мешавад. Ин меъёр моҳи феврали соли ҷорӣ дар натиҷаи тағйироти ҳукумат ба қарори соли 2018 ворид гардида буд ва бетағйир гузошта шудааст. Қаблан ин меъёр 55 евро (613 сомонӣ) буд.

Инчунин барои 1 тонаи газойлҳо 8 евро (88 сомонӣ), маҳсулоти дигари нафтӣ 55 евро (609 сомонӣ) ситонида мешавад, ки бетағйр мондааст. Аз газҳои нафтӣ ва карбогидриди газгун бошад 10 евро (110 сомонӣ) андози аксиз пардохт мешавад, ки пештар 4 евро буд ва дуним маротиба боло шудааст.

Мувофиқи қарор аз резинчархаҳо ва сарпӯшҳои пневматикии резинӣ, тасмаҳои доирашакли резинӣ 20 фоиз андоз ситонида мешавад. Барои пластмасса ва маҳсулоти он низ 20 фоиз аз нархи воридотии маҳсулоти тайёр пардохт мешавад. Пештар ин меъёр 13 фоиз буд.

Мошини барқӣ ва собуну қолину ҷавоҳирот

Мувофиқи қарор, барои воридоти автомобилҳои сабукрав ва воситаҳои дигари нақлиёт, ки барои ҳамлу нақли одамон пешбинӣ шудаанд, аз ҷумла автобусҳои хурд ва мошинҳои пойга 14 фоиз (пештар 10%) андози аксиз муқаррар шудааст. Аммо ба ҳисоб гирифта мешавад, ки барои 1 см мукааби ҳаҷми кории силиндрҳои муҳаррик на кам аз 0,20 евро (пештар 0.15 евро), ки тақрибан 2 сомонӣ аст, бояд пардохта шавад.

Тибқи қарор, барои 1 тонна собун, воситаҳои шустушӯӣ, маводи молиданӣ ва мумҳои сунъӣ, хамира барои гаҷкорӣ, хамираҳои хушкнашаванда (пластилин) ва маҳсулоти гаҷӣ барои дардонсозӣ 60 евро (664 сомонӣ) андоз муайян шудааст. Меъёри қаблӣ низ чунин буд.

Аз қолинҳо ва намудҳои дигари рӯйпӯшҳои бофандагии рӯйифаршӣ 30 фоиз аз нархи воридотии маҳсулоти тайёр андоз ситонида мешавад, ки бетағйир мондааст.

Манбаъ навиштааст, барои ҷавоҳироти тиллоӣ ва нуқрагии заргарон ва маснуоти дигари қиматбаҳо ё бо филизоти гаронарзиш рӯйпӯшшуда 5 дарсад андоз пардохт мешавад. Қаблан низ ин меъёр чунин буд.

Бояд гуфт, моҳи феврали соли ҷорӣ Кумитаи андоз ба қарори ҳукумати кишвар аз 9-уми июни соли 2018 қабулшуда тағйирот ворид карда, ҳаҷми андозро барои нӯшокиҳо, аз ҷумла нӯшокиҳои қувватбахш боло бурда буд. Дар қарор омадааст, ба ин тағйирот дигаргунӣ ворид нашудааст.

Дар бораи тағйирот ва меъёри андози нӯшокиҳои спиртӣ ва қувватдиҳанда дар матлаби мо: Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд мутолиа кунед. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...