Дар Тоҷикистон ҳосили рекордии тарбузу ангур ва мева ҷамъоварӣ шуд

Дар зарфи 6 моҳи аввали соли 2025 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 24 млрд сомониро ташкил дод, ки 9,7% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 мебошад. Афзоиши назаррас бахусус дар истеҳсоли зироатҳои полезӣ, мева ва ангур ба қайд гирифта шуд. Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ таҳти сарварии роҳбари ин […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар зарфи 6 моҳи аввали соли 2025 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 24 млрд сомониро ташкил дод, ки 9,7% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 мебошад. Афзоиши назаррас бахусус дар истеҳсоли зироатҳои полезӣ, мева ва ангур ба қайд гирифта шуд.

Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ таҳти сарварии роҳбари ин ниҳод Қурбон Ҳакимзода аз фаъолият дар нимсолаи аввал натиҷагирӣ шуд.

Ба иттилои Вазорат, дар муқоиса бо соли гузашта афзоиши бештар назаррас дар соҳаи растанипарварӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ҳаҷми истеҳсол дар он 9% афзуда, ҳудуди 15,9 млрд сомониро ташкил додааст.

Дар соҳаи чорводорӣ низ афзоиши назаррас ба мушоҳида расида, ҳаҷми он нисбат ба ним соли гузашта 11,2% зиёд ва ҳудуди 8 млрд сомониро ташкил додааст. Дар Вазорати кишоварзӣ махсусан афзоиши истеҳсоли зироатҳои полезӣ, мева ва ангурро зикр кардаанд.

Панҷгонаи маҳсулоти кишоварзӣ, ки истеҳсолашон афзудааст

Зироати полезӣ. Истеҳсоли зироати полезӣ дар Тоҷикистон 43,1% афзуда, ба сатҳи рекордӣ расид. Дар муқоиса бо 6 моҳи соли 2024 ҳаҷми истеҳсол 177 ҳазору 916 тонна зиёд шудааст, ки натиҷаи арзанда буда, рушди истеҳсоли зироатҳои полезӣ дар кишварро тасдиқ месозад.

Мева. Дар соҳаи истеҳсоли мева низ афзоиш назаррас аст – 32,4% ё худ ҳудуди 73 ҳазор тонна. Ин ба туфайли васеъкунии майдонҳо барои парвариши дарахтони мевадиҳанда ва беҳбуди методҳои агротехникӣ муяссар гардидааст.

Ангур. Истеҳсоли ангур 38,2% ё худ зиёда аз 1 ҳазор тонна зиёд шудааст. Рушди ангурпарварӣ дар Тоҷикистон идома дошта, ба он беҳбуди технологияҳо ва зиёд кардани майдони парвариши он мусоидат менамояд.

Картошка. Истеҳсоли картошка 0,3% (+819 тонн) афзудааст. Ҳарчанд афзоиши чандон назаррас набошад ҳам, лекин таваҷҷуҳи бозори маҳаллӣ ба ин маҳсулот зиёд буда, рушди минбаъдаи ин соҳаро ҳавасманд месозад.

Хӯрокаи чорво. Истеҳсоли хӯрокаи чорво 9,4% ё худ ба миқдори 44 ҳазор тонна афзудааст. Ин афзоиш зиёд шудани талабот ба хӯрока ва рушди соҳаи чорводориро нишон медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.