Дар даргириҳои ахир дар Сурия қариб 600 нафар кушта шудаанд

Дидбони ҳуқуқи башари Сурия гуфтааст, аз замони оғози даргириҳои охир дар вилояти Сувайдои ин кишвар 594 нафар кушта шудаанд. Ин гурӯҳи нозир бар нақзи ҳуқуқи башар дар Сурия, ки дар Британияи Кабир мустақар аст, мегӯяд, аз рӯзи якшанбеи гузашта афзоиши якбораи хушунат ва кушторҳои бераҳмона дар ҷануби Сурия ва минтақаи Сувайдоро сабт кардааст. Бар асоси […]

Бо истифода аз маводҳои ББС ва “Ал-Ҷазира” таҳия шудааст

Дидбони ҳуқуқи башари Сурия гуфтааст, аз замони оғози даргириҳои охир дар вилояти Сувайдои ин кишвар 594 нафар кушта шудаанд. Ин гурӯҳи нозир бар нақзи ҳуқуқи башар дар Сурия, ки дар Британияи Кабир мустақар аст, мегӯяд, аз рӯзи якшанбеи гузашта афзоиши якбораи хушунат ва кушторҳои бераҳмона дар ҷануби Сурия ва минтақаи Сувайдоро сабт кардааст.

Бар асоси омори пешниҳодкардаи ин созмон, дар 5 рӯзи гузашта дар ин минтақа 300 нафар аз дурузҳо кушта шудаанд, ки 146 нафари онҳо ҷангҷӯён ва 154 нафари дигар ғайринизомиён будаанд.

Дар ин муддат, ба гуфтаи манбаъ, 257 нерӯи амниятии ҳукуматӣ ва 18 аз қабилаҳои бодиянишин низ ба қатл расидаанд.

Муноқиша дар Сувайдо ибтидо миёни дурузҳо ва бодиянишинҳои суннимазҳаб оғоз шуда, баъдан бо дахолати нерӯҳои ҳукуматӣ авҷ гирифт ва дар ду рӯзи гузашта Исроил ҳам ба ин даргириҳо худро ҳамроҳ кард.

Дар ҳамин ҳол, Аҳмад Шаръ, раисҷумҳури муваққати Сурия, Исроилро дар талош барои тақсиму пора кардани Сурия муттаҳам кард ва ваъда дод, ки аз амнияти ақаллияти дурузҳои ин кишвар ҳимоят мекунад. Изҳороти Аҳмад Шаръ пас аз он садо дод, ки шаби чаҳоршанбе даргириҳои маргбор байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангҷӯёни дуруз дар ҷануби Сурия бо миёнҷигарии Амрико ва кишврҳои арабӣ қатъ шуд.

Бо ин вуҷуд, рӯзи панҷшанбе пас аз изҳороти Аҳмад Шаръ гузоришҳо дар бораи задухӯрдҳои нав миёни қабилаҳои араби суннӣ ва ҷангҷӯёни дуруз дар Сувайда мунташир шуд.

Як фармондеҳи қабилаҳои бодиянишин ба хабаргузории “Ройтерз” гуфтааст, ки оташбас танҳо ба нерӯҳои ҳукуматӣ дахл дорад ва ба ҷангиёни бодиянишин, ки талош доранд нерӯҳои худро аз асорати дурузҳо раҳо кунанд, марбут нест.

 

Рӯзи чаҳоршанбе Исроил бо баҳонаи ҳимоят аз дурузҳо ба мавқеъҳои нерӯҳои давлатии Сурия, аз ҷумла ба бинои Вазорати дифоъ дар маркази Димишқ, инчунин, ба наздикии кохи раёсатҷумҳурии Сурия ҳамла кард.

Дар пайи ҳамлаҳои Исроил ва миёнҷигарии Амрико, бисёре аз нерӯҳои давлатии Сурия аз минтақаи Сувайдо берун шуданд. Ин нерӯҳо барои қатъ кардани даргириҳои фирқаии маргбор дар вилояти дурузнишини Сувайдо фиристода шуда буданд.

Ақаллияти дурузҳои Сурия ба далели собиқаи шӯришии Аҳмад Шаръ ва фаъолияти қаблиаш дар гурӯҳҳои ифротӣ нисбати ӯ ва ҳукуматаш назари чандон мусбат надоранд.

Дурузҳо фирқае аз мазҳаби шиа буда, дар кишварҳои Сурия, Лубнон ва Исроил зиндагӣ мекунанд. Теъдоди онҳо дар Сурия 700 ҳазор нафар гуфта мешавад. Дар Исроил шумораи дурузҳо ба 150 000 нафар мерасад ва ба фарқ аз арабҳои фаластинӣ онҳо дар полису артиши Исроил хидмат мекунанд ва ҳатто дар ҷанги Исроил алайҳи Ғазза низ ширкат доранд. Баъзе аз дурузҳо дар Артиши Исроил соҳиби мансаби баланд ҳастанд.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил бо баёни ин ки ин кишвар бо истифода аз зӯр ҳимоят аз ақаллияти дурузҳоро идома хоҳад дод, хостори таъсиси як минтақаи ғайринизомӣ дар ҷануби Димишқ шудааст.

 

Исроил ҳамчунин ба як гурӯҳи дурузҳо, ки ба Исроил барои аёдати хешовандонашон сафар карда буданд, рӯзи панҷшанбе иҷоза додааст, то ба манзили худ дар минтақаи Маҷдал Шамс дар бландиҳои Ҷӯлон (минтақае, ки дар пайи ҷанги шашрӯза Сурия аз сӯйи Исроил ишғол шудааст) баргарданд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати хориҷаи Амрико рӯзи панҷшанбе эълом кардааст, ки сиёсати ин кишвар дар қиболи Сурия тағйир наёфтааст ва дар баробари маҳкум кардани хушунатҳо дар Сувайдо, аз давлати Димишқ хостааст, гузоришҳо дар бораи бадрафтории нерӯҳои давлатиро таҳқиқ ва нафарони муттаҳамро муҷозот кунад.

Дар пайи суқути Башор Асад ва ба қудрат расидани Аҳмад Шаръ дар Сурия ҳукумати Амрико аз ӯ ҳимоят ва таҳримҳо алайҳи ин кишварро лағв кард.

Ба навиштаи “Ал-Ҷазира”, ҳоло ҳам дар минтақаи Сувайдо миёни гурӯҳҳои мусаллаҳи дуруз ва қабилаҳои бодиянишин даргириҳо давом доранд. Ин расона бо такя ба манбаъҳои худ навиштааст, ки Вазорати корҳои дохилии Сурия омодагӣ гирифтааст, ки барои поён додан ба ин муноқишаҳо ва ҳифзи амнияти шаҳрвандон дигарбора вориди Сувайдо шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Мавқеи Тоҷикистон дар “Шохиси шаффофияти буҷет” беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.