Шаҳрванди Тоҷикистон чӣ гуна метавонад раводиди Шенген дарёфт кунад?

Сарфи назар аз ба кадом кишвари Иттиҳоди Аврупо (ИА) сафар кардан, зинаи аввал муроҷиат ба маркази раводид (виза)-и TLScontact хоҳад буд. Ин ягона маркази раводиди сабтшуда дар Тоҷикистон буда, дар шаҳри Душанбе воқеъ аст. Қаблан супоридани ҳуҷҷатҳо барои дарёфти раводиди Шенген ба маркази раводиди VisaMetric имкон дошт. Лекин аз 1 июли соли 2025 қабули аризаҳо […]

Алина Валаматзода, Asia-Plus

Сарфи назар аз ба кадом кишвари Иттиҳоди Аврупо (ИА) сафар кардан, зинаи аввал муроҷиат ба маркази раводид (виза)-и TLScontact хоҳад буд. Ин ягона маркази раводиди сабтшуда дар Тоҷикистон буда, дар шаҳри Душанбе воқеъ аст.

Қаблан супоридани ҳуҷҷатҳо барои дарёфти раводиди Шенген ба маркази раводиди VisaMetric имкон дошт. Лекин аз 1 июли соли 2025 қабули аризаҳо аз ҷониби дигар ширкат – TLScontact ба роҳ монда шуд. Дар назар дошта бошед, ки сафорати Олмон дар Душанбе истифода аз дигар ширкатҳоро қотеъона тавсия намедиҳад. Пешниҳоди дархост бояд танҳо тариқи маркази расмии расмии раводид сурат гирад.

Дар TLScontact метавон барои дарёфти раводид ба кишварҳои зерин ҳуҷҷат супорид: Белгия, Юнон, Финландия, Фаронса, Италия, Люксембург, Нидерланд, Норвегия, Австрия, Португалия, Шветсия, Малта ва Испания. Ҳамаи дархостҳо барои ин кишварҳо ба сафорати Олмон дар Душанбе фиристода мешаванд. Инак, аз чӣ метавон оғоз кард?   

Зинаи 1. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро ҷамъоварӣ кунед. Омода бошед, онҳо хеле зиёданд!

Бо номгӯи ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар ин суроға метавон шинос шуд ва он ба навъи раводид вобаста аст.

Агар шумо раводиди сайёҳӣ гирифтан хоҳед, пас пешниҳоди чунин ҳуҷҷатҳо лозиманд:

– Ариза (дархост)-и пуршуда

– Шиносномаи хориҷӣ (бисанҷед, ки дар лаҳзаи сафар, он бояд на камтар аз 3 моҳ муҳлати амал дошта бошад

– Шаҳодатнома дар бораи таваллуд

– Сурат (3,5 см x 4,5 см)

– Хатсайр/нақшаи сафар. Масалан, рӯйхати ҷойҳое, ки аз онҳо боздид кардан мехоҳед, фармоиш (брон)-и билетҳо ба осорхона ё билетҳо барои нақлиёт аз ширкати сайёҳӣ

– Тасдиқи иқомат (масалан, фармоиши меҳмонхона)

– Фармоиши билетҳо ба ҳавопаймо барои рафтан ва бозпас баргаштан

– Полиси хориҷии суғуртаи тиббӣ дар нусхаи асл + бо як нусха (бо кафолати ҳадди ақалли 30 ҳазор евро)

– Тасдиқи доштани суғуртаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон. Ин банд нофаҳмо аст, лекин агар бе он ба маркази раводид муроҷиат кунед, шуморо бозпас барои ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо бармегардонанд. Ин маълумотномаро метавон аз Фонди нафақа дастрас кард. Барои гирифтани чунин маълумотнома (справка) аз Фонди нафақа, шумо ба онҳо бояд маълумотнома аз ҷойи кор бо ҳаҷми маошатонро пешниҳод намоед.

– Тасдиқи доштани пул барои хароҷоти сафар

– Маълумотнома аз ҷойи кор ё таҳсил

– Тасдиқи дигар даромад ё сармоя, ё ҳуҷҷатҳо ба дигар моликият (дар сурати мавҷуд будан)

– Нусхаи саҳифаҳои шиносномаи хориҷӣ, ки маълумоти шахсиро дар бар доранд

– Нусхаи раводидҳои Шенген, ки дар 3 соли охир дода шудаанд

– Нусхаи шиносномаи хориҷии Русия (агар шумо душаҳрвандӣ дошта бошед)

– Нусхаи шаҳодатнома дар бораи ақди никоҳ ва шаҳодатнома дар бораи таваллуди кӯдакон

– Тасдиқи доштани амволи ғайриманқул (шартномаи хариду фурӯш ва шиносномаи техникии амволи ғайриманқул дар нусхаи асл бо як нусха).

Сарфи назар аз рӯйхати зиёди ҳуҷҷатҳо, метавонанд ба шумо занг зада пешниҳод кунанд, ки ба ҷуз ин номгӯй, боз маълумотномаҳои иловагӣ биёред. Масалан, аз муаллифи ин мавод дархост шуда буд, ки аз ҷойи кори падару модар маълумотнома пешниҳод кунад.

Зинаи 2. Дар TLScontact ҳисоби корбарӣ (учетная запись)-и худро созед

Дар сомонаи TLScontact кабинети шахсии худро созед. Пас аз ин барои фаъолсозии ҳисоби корбариатон ба шумо бо истинод мактуби электронӣ меояд.

Дар идома дар кабинети шахсиатон пур кардан (пешниҳод кардан)-и ҳамаи маълумоти шахсии дархостшуда зарур аст.

Зинаи 3. Барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо худро номнавис кунед

Номнавис шудан барои қабул тариқи кабинети шахсӣ имкон дорад. Инро пешакӣ анҷом додан лозим аст, лекин на пешитар аз 180 рӯз то сафар. Муҳлати ниҳоии пешниҳод – 15 рӯз то ба сафар баромадан: агар дертар диҳед, аризаро қабул намекунанд.

Зинаи 4. Шакл (форма)-и VIDEX-ро пур кунед

Шакли VIDEX (танҳо бо забон англисӣ ё олмонӣ аст) бояд тариқи онлайн дар сомонаи VIDEX пур карда ва чоп шавад. Шакл бояд бо ҳарфҳои калон пур карда шуда, аризадиҳанда бояд шахсан онро бо ранги сиёҳ имзо кунад.

Шаклҳо вобаста ба муҳлати сафар (то 90 рӯз ё зиёдтар аз он) фарқ мекунанд. Шакли кӯтоҳмуҳлат ва дарозмуҳлати онҳоро метавон бо ин истинодҳо пур кард.

Зинаи 5. Ба қабул ҳозир шудан

TLScontact дар суроғаи кӯчаи Дӯстии халқҳо, 62, ошёнаи 1-ум воқеъ аст.

Мактуби нашршудаи тасдиқи сабтро бо худ гиред, он ба шумо дар рӯзи қабул лозим мешавад. Ҳамчунин беҳтар аст, ки дер накунед, зеро дар ҳолати дермонӣ ба муҳлати зиёдтар аз 30 дақиқа лозим меояд, ки дубора номнавис шавед.

Бо худ гирифтани бастаи ҳуҷҷатҳои ҷамъкардаро фаромӯш накунед. Дар маркази раводид ҳуҷҷатҳои шуморо санҷида, изи ангуштонатонро мегиранд. Сипас ҳамаи ин маълумот ба намояндагии дахлдори дипломатӣ ирсол мегардад.

Ҳамчунин ба шумо пардохти боҷи консулгарӣ ва хидматрасонӣ лозим аст. Арзиши боҷи раводид барои калонсолон 90 евро (ҳудуди 1020 сомонӣ) ва барои кӯдак – 45 евро (тақрибан 510 сомонӣ) аст. Дар назар дошта бошед, ки пардохти раводид бо евро сабт мешавад, лекин танҳо бо сомонии тоҷикӣ тиқби қурби амалкунанда пардохт мешавад.

Зинаи 6. Мунтазир шудани натиҷа ва гирифтани шиноснома

Дар назар дошта бошед, ки дар сурати барор гирифтани кор, ариза барои раводиди шуморо метавонанд дар муддати 2 ҳафта баррасӣ кунанд. Ҳамчунин ин муҳлат метавонад то 45 рӯз дароз карда шавад.

Пас аз қабули қарор дар бораи раводиди шумо, метавонед шиносномаи хориҷии худро бозпас гиред. Инро метавон бо се тарз анҷом дод:

Шахсан бо расид (чек), шаҳодатномаи шахсият ва нусхаи он.

Ба воситаи намоянда – намоянда бояд расид, нусхаи шаҳодатномаи шумо, шаҳодатномаи худаш ва ваколатнома дошта бошад.

Ба воситаи боррасон (курйер), агар шумо расониданро фармоиш дода бошед, шиносномаро ба суроғаи зикршуда меоранд.

Дар хотир дошта бошед, ки омодагии дақиқ ва муносибати ҷиддӣ ба ҷамъоварии ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ, имкони шуморо барои муваффақона дарёфт кардани раводид ба таври назаррас зиёд мекунанд. Ба шитобкорӣ роҳ надиҳед, ҳар кадоме аз бандҳоро санҷида, бовар ҳосил намоед, ки ҳамаи маълумотнома ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дурустанд.

Дар дарёфти раводиди Шенген бароятон барори кор ва сафари хушу гуворо таманно мекунем!

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ